Испания хостори вақфа дар равобити тиҷории Иттиҳоди Аврупо бо режими Исроил шуд
(last modified 2024-10-15T08:50:38+00:00 )
Октябр 15, 2024 13:50 Asia/Dushanbe
  • Педро Сончез, нахуствазири Испания
    Педро Сончез, нахуствазири Испания

Нахуствазири Испания аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки равобити худро бо режими Исроил таълиқ ва аз ирсоли силоҳ ба ин режим худдорӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Педро Сончез, нахуствазири Испания рӯзи душанбе, тайи суханоне дар Барселона аз Комиссияи Аврупо хост, то ба дархости Испания ва Ирландия, ки 9 моҳи пеш ирсол шуда буд, посух диҳаду муомилоти тиҷории Иттиҳоди Аврупо бо режими Исроилро ба хотири ҳамалоти низомии ахири ин режим ба борикаи Ғазза ва Лубнон ба ҳолати таълиқ дароварад.

Сончез ҳамчунин аз Брюссел хост то аз Мадрид пайравӣ ва ирсоли силоҳ ба сарзаминҳои ишғолиро мутаваққиф кунад ва таъкид кард, ки «ҷанг бидуни силоҳ вуҷуд нахоҳад дошт».

Нахуствазири Испания таъкид кард: «Вақти он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ бедор шаваду қотеона амал кунад ва пеши роҳи кобина ва ба хусус Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро бигирад, ки мехоҳад ба зӯр назми ҷадиде дар минтақа таҳмил кунад».

Артиши режими саҳюнистӣ аз рӯзи 23 сентябр ҳамалоти густардаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз кард, ки ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп