Нахустин вокунишҳои байналмилалӣ дар маҳкумияти таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон
Вазорати умури хориҷаи кишварҳои Арабистони Саудӣ, Малайзия, Покистон ва Уммон бо судури баёнияҳои ҷудогона, таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум карданд.
Ба гузориши Порс тудей, вазорати умури хориҷаи Малайзия дар вокуниш ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон бо интишори баёнияе эълом кард: Малайзия ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки дар сооти ибтидоии имрӯз(шанбе) ба вуқӯъ пайваст, маҳкум мекунад ва онро ба унвони нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва таҳдиде ҷиддӣ барои суботи минтақа медонад. Ин баёния меофзояд: Идомаи иқдомоти режими Исроил метавонад ба густариши даргириҳо дар минтақаи Ғарби Осиё ва эҷоди буҳронҳои бузургтар мунҷар шавад.
Вазорати умури хориҷаи Арабистон ҳам дар баёнияе эълом кард: Таҷовузи низомӣ, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маърази он қарор гирифт, нақзи ҳокимият ва нақзи қавонин ва урфи байналмилалӣ аст ва Арабистони Саудӣ онро маҳкум мекунад.
Вазорати хориҷаи Арабистон аз ҷомеаи байналмилалӣ ва тарафҳои бо нуфуз ва фаъол хост, ки нақш ва масъулиятҳои худро дар ростои коҳиши таниш ва поён додан ба даргириҳо дар минтақа анҷом диҳанд.
Дафтари сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон ҳам бо судури баёнияе эълом кард: Ҳамалоти низомии Исроил алайҳи ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон нақзи фоҳиши Маншури Созмони Милали Муттаҳид ва қавонини байналмилалӣ аст.
Вазорати умури хориҷаи Уммон низ дар баёнияе, иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шиддат маҳкум кард ва онро нақзи ошкори ҳокимияти Эрон ва нақзи қавонини байналмилалӣ донист.
Имороти Муттаҳидаи Араб низ бо маҳкумияти шадиди ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ ба Эрон, хостори хештандорӣ ва парҳез аз ташдиди танишҳо барои ҳифзи амният ва суботи минтақа шуд.
Вазорати хориҷаи Иморот бо судури баёнияи расмӣ, ба шиддат ҳамлаи низомӣ ба Эронро маҳкум кард ва нигаронии амиқи худро аз идомаи танишҳо ва паёмадҳои он бар амният ва суботи минтақа иброз дошт.