Ғурфаи Эрон ситораи Ҷашнвораи байналмилалии ғизову фарҳанги Исломобод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i118236
Ҷашнвораи байналмилалии ғизову фарҳанги Исломобод, бо ҳузури ғурфаҳое аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон, дар пойтахти Покистон ифтитоҳ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 03, 2024 11:07 Asia/Dushanbe

Ҷашнвораи байналмилалии ғизову фарҳанги Исломобод, бо ҳузури ғурфаҳое аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон, дар пойтахти Покистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ғурфаи Эрон бо ироаи ғизоҳои суннатии эронӣ ва ҳамчунин савғоти маҳбубу саноеи дастӣ, бо истиқболи вижаи алоқамандон ба ҳунарҳои суннатӣ мувоҷеҳ шуд.

Дар ин ҷашнвора , намояндагиҳои дипломатии кишварҳои мухталиф, аз ҷумлаи Туркия, Чин, Русия, Малайзия, Сурия ва Ироқ низ ҳузур доштанду ҷилваҳое аз фарҳангу ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.