Дирӯз Байден, имрӯз Трамп/ Сенарияи такрори заволи ақли раисони ҷумҳурии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121264
Порс-Тудей. Рӯзномаи амрикоии «Ю Эс Эй Тудей» дар гузорише бо ишора ба ҳарфҳои бесару таҳи раиси ҷумҳури Амрико дар сафар ба Шотландия, талвеҳан вайро ба заволи ақл муттаҳам кардааст.
(last modified 2025-08-01T12:54:19+00:00 )
Август 01, 2025 17:52 Asia/Dushanbe
  • Дирӯз Байден, имрӯз Трамп/ Сенарияи такрори заволи ақли раисони ҷумҳурии Амрико
    Дирӯз Байден, имрӯз Трамп/ Сенарияи такрори заволи ақли раисони ҷумҳурии Амрико

Порс-Тудей. Рӯзномаи амрикоии «Ю Эс Эй Тудей» дар гузорише бо ишора ба ҳарфҳои бесару таҳи раиси ҷумҳури Амрико дар сафар ба Шотландия, талвеҳан вайро ба заволи ақл муттаҳам кардааст.

Ҷо байден, раисиҷумҳури пешини Амрико низ борҳо бо иқдомоту ҳарфҳои мутаваҳҳимгуна, ба заволи ақл муттаҳам шуда буд. Ба ҳамин хотир ҷумҳурихоҳон ва Доналд Трамп хостори истеъфои вай шуда буданд.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИСНА, рӯзномаи «Ю Эс Эй Тудей» бо ишора ба ҳарфҳои бесару таҳи Трамп дар сафари ахир ба Шотландия, вайро ба кундзеҳнӣ муттаҳам кардааст. Ин расонаи амрикоӣ дар гузорише навиштааст: Изҳороти ғайримантиқӣ ва аҷибу ғариби Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни сафараш ба Шотландия намунаи дигаре аз шавоҳиде ҳастанд, ки нишондиҳандаи уфули қувои зеҳнии ӯ ҳастанд.

Ин рӯзнома машаххасан суҳбатҳои Трамп дар тӯли ин сафар дар бораи турбинҳои бодии тавлиди барқ дар Шотландия, мавозеи ӯ дар бораи кӯдакони гурусна дар Ғазза ва ҳамчунин назароти тавтеаи Трамп дар бораи парвандаи расвоибарангези Ҷефри Эпстейн, муҷрими ҷинсии дорои нуфузу иртибот бо чеҳраҳову сиёсатмадорони машҳур дар Амрикоро мисдоқи кундзеҳнии Трамп донистааст.

 

Ҷазираи бадном

«Ю Эс Эй Тудей» навиштааст: «Трамп ба тарҳи теорияҳои тавтеаи ғайримантиқӣ дар бораи расвоии Ҷефри Эпстейн, ки гиребони давлати худашро ҳам гирифта, пардохт. Дар ҳоле ки ҳангоми вуруд ба Шотландия дар 25 июл гуфта буд, ки ба теорияҳои тавтеа мутамаркиз нест. Аз ёвагӯии Трамп метавон натиҷа гирифт, ки 90 дарсади мағз ӯ теорияи тавтеа ва 10 дарсадаш селлулҳои мағзӣ аст».

“Ю Эс Эй Тудей” дар бораи суҳбатҳои аҷибу ғариби Трамп дар бораи расвоии Ҷефри Эпстейн низ бо ишора ба инки вай наметавонад даст аз ҳарф задан дар бораи ин расвоӣ бардорад, навишт: «Кундзеҳнии Трамп боис шуд, ки ӯ мудом дар бораи расвоии Эпстейн суҳбат кунад, расвоие, ки мехоҳад ҳама аз он даст бардоранду амалан ба дунё бигӯяд, ки моҷарои Эпстейн «чизи бузурге нест».

 

Турбинҳои бодӣ

«Ю Эс Эй Тудей» мухолифати аҷиби Трамп бо турбинҳои бодӣ ва ҳарфҳои муфассали вай, ки ӯ дар дидор бо Урсула Фон Дер Лайен, раиси Комиссияи Аврупо дар ин замина матраҳ сохтро мунъакис кардаву навиштааст: «Трамп дар ҳоле ин ҳарфҳоро зад, ки ҳеч кас аз ӯ нахоста буд дар бораи ин мавзуъ ҳарф бизанад. Ҳарфҳои ӯ пур аз дурӯғ буданд. Турбини бодӣ пурҳазинатарин шеваи тавлиди энержӣ нест. Турбинҳои бодӣ беш аз ҳашт сол умр мекунанд. Аммо чӣ касе интизор дорад, касе ки одат ба пурҳарфӣ дорад, содиқ бошад?».

 

Муҳмалоти Трамп дар бораи кӯдакони гуруснаи Ғазза

Ба гузориши «Ю Эс Эй Тудей», Трамп рӯзи 27 июл, зимни ҳузураш дар канори Фон Дер Лайен, бо ин пурсиш мувоҷеҳ шуд, ки дар мавриди тасовири кӯдакони гурусна дар Ғазза чӣ эҳсосе дорад. Ӯ дар посух суҳбатҳои аҷибу ғариби дигареро матраҳ кард. Ӯ гуфт: «Тамоми он макон ба ҳам рехтааст, намедонед борикаи Ғазза солҳо пеш дода шуд, гуфтанд, ки метавонанд сулҳ дошта бошанд. Ин хеле хуб пеш нарафт. Вақте Исроил аз он сарфи назар кард, ҳар касе ки дар он замон нахуствазир буд, ман ӯро мешиносам, чӣ касе буд, аммо дақиқан кори хеле ҳушмандонае набуд. Ман фикр мекунам Эрон дар ҳоли иқдом аст. Касони зиёде дар ҳоли иқдом ҳастанд, Венесуэларо дорем, ки ба шевае мутафовит амал мекунад».

“Ю Эс Эй Тудей” дар таҳлили ин изҳороти номафҳуми Трамп, онҳоро берабт ба ҳам хондаву навиштааст: «Агар Ҷо Байден дар замони раёсати ҷумҳуриаш чунин ҳарфҳое мегуфт, ҷумҳурихоҳон ё ӯро истизоҳ мекарданд ё дастур медоданд, ки дар утоқе дар маркази пизишкии низомии миллии Волтер Ред ҳабс шавад».