Гузоришгари СММ: Таълиқи равобит бо режими Исроил зарурӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124020-Гузоришгари_СММ_Таълиқи_равобит_бо_режими_Исроил_зарурӣ_аст
Порс-Тудей. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин аз сӯи саҳюнистҳо, кишварҳои ҷаҳонро ба таълиқи равобит ва эъмоли таҳримҳои байналмилалӣ зидди ин режим фаро хонд.
(last modified 2026-01-30T11:15:37+00:00 )
Январ 30, 2026 13:51 Asia/Dushanbe
  • Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар
    Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар

Порс-Тудей. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин аз сӯи саҳюнистҳо, кишварҳои ҷаҳонро ба таълиқи равобит ва эъмоли таҳримҳои байналмилалӣ зидди ин режим фаро хонд.

Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин аз сӯи саҳюнистҳо бо интиқод аз идомаи иқдомоти режими Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ таъкид кард, ки кишварҳо бояд то замоне ки Тел-Авив ба қавонини байналмилалӣ пойбанд набошад, равобити худ бо ин режимро ба ҳолатт таълиқ дароваранд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Албанезе афзуд, режими Исроил ҳақ надорад монеи фаъолияти созмонҳои башардӯстона дар борикаи Ғазза ва дигар манотиқи фаластинӣ шавад. Ин изҳорот пас аз тахриби мақарри Ожонси имдоду кори Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) дар Қудси ишғолӣ аз сӯи режими Исроил матраҳ шуд. Иқдоме бесобиқа, ки ба гуфтаи сухангӯи ин ниҳод дафотиру марокизи омӯзишии ин ниҳоди байналмилалиро амалан аз байн бурдааст.

Режими саҳюнистӣ ҳамчунин барнома дорад дар маҳалли сохтмонҳои тахрибшуда ҳудуди 1400 воҳиди маскунӣ барои шаҳракнишинони худ бисозад. Иқдоме ки бо қавонини байналмилал дар тазод аст.

Албанезе таъкид кард, ки иқдомоти режими Исроил намоёнгари бетаваҷҷуҳии комил ба ҳуқуқи байналмилал ва талош барои нобудсозии маъмуриятҳои башардӯстонаи Созмони Милал аст ва замони он расидааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милал узвияти Исроилро дар ин ниҳод ба ҳолати таълиқ даровард ва таҳримҳои байналмилалӣ, аз ҷумла мамнуияти тиҷорати силоҳ бо он эъмол шавад.

Ин гузориш нишон медиҳад, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Фаластин ҳамчунон буҳронӣ аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши нақзи қавонини байналмилалӣ ва ҳифзи маъмуриятҳои башардӯстона, ниёзманди иқдомоти фаврӣ ва амалӣ аст.