Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар Ню-Йорк
-
Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар Ню-Йорк
Порс Тудей — Ҳомиёни Фаластин бо барпоии таҷаммуи эътирозӣ ва тазоҳурот дар муқобили канисаи маҳалли баргузории намоишгоҳе дар Ню-Йорк, иқдоми режими саҳюнистиро барои фурӯши амлок дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун маҳкум карданд.
Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин рӯзи чоршанбе барои дуюмин бор дар 6 моҳи гузашта дар хориҷ аз канисае дар ин шаҳр баргузор шуд ва ҳадафи он мухолифат бо баргузории намоишгоҳи амлоки режими Исроил буд. Ин намоишгоҳ амволеро, ки барои фурӯш дар Каронаи бохтарии ишғолӣ аст, ироа медиҳад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз шабакаи хабарии «Алҷазира», ин намоишгоҳ, ки бо унвони «Рӯйдоди бузурги амлок ва амволи ғайриманқули (режими) Исроил» шинохта мешавад, дар Амрико ва Канада баргузор мешавад, то ба харидорони хориҷӣ дар хариди мулк дар сарзаминҳои ишғолӣ, аз ҷумла шаҳракҳои ғайриқонунӣ дар Каронаи бохтарии ишғолӣ, кумак кунад.
Ба навиштаи «Алҷазира», Заҳрон Мамданӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, баргузории ин намоишгоҳро маҳкум кардааст. Сухангӯи вай ба нашрияи «Интерсепт» гуфт, ки бархе аз амлоке, ки ба бозор арза шудаанд «тибқи қавонини байналмилалӣ ғайриқонунӣ ва амиқан бо оворагии мудоми фаластиниён муртабит ҳастанд».
Тибқи қавонини байналмилалӣ, шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарии ишғолӣ ғайриқонунӣ аст.