Август 03, 2016 21:29 Asia/Dushanbe
  • Муқоисаи ҷойгоҳи духтарон дар Ислом ва дигар оинҳо

Аввали зилқаъда, 4 август, рӯзи таваллуди ҳазрати Маъсума (с), тибқи мусаввабаи Шӯрои Олии инқилоби фарҳангии Эрон, ба номи Рӯзи миллии духтарон ва оғози даҳаи каромат номгузорӣ шудааст. Яке аз мавзӯоти муҳими иҷтимоии имрӯза ҷойгоҳ ва нақши духтар дар арсаи хонавода ва иҷтимоъ аст.

Вақте каме диққат кунем, ҳанӯз ҳастанд инсонҳое, ки ҷоҳилона писарро бар духтар тарҷеҳ медиҳанд ва ба ҳамин ҷиҳат ба тундӣ мухотаби Худои субҳон қарор мегиранд. Бо таҳқиқи манобеи исломӣ метавон фаҳмид, ки духтар дар андешаи исломӣ чӣ ҷойгоҳи волое дошта ва дорад.

Дар Ислом занону духтарон аз ҷойгоҳи ҳосе бархурдоранд. Таъбирҳои зебое, ки барои духтарон ба кор гирифта шуда, далеле бар имтиёзу вижагии хоси духтарон аст, ба мисли вожаҳое чун "райҳона" (гул), "қавоир" (булурҳо) ва "ҳасана" (некӣ). Ислом дине аст, ки ба занону духтарон ва ҳуқуқи онҳо арзишу аҳамияти зиёде додааст. Дар асри кунунӣ, ки ҷомеаи ғарбӣ дар авҷи сӯистифода аз занону духтарон талош мекунад, бо қонунманд кардани арзишҳои худ барои дигар ҷавомеъ ва фарҳангҳо, хусусан ба мусалмонон фишорҳои фаровонеро ворид созад, таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи духтарон дар сухан ва сираи маъсумон бисёр боаҳамият ба назар мерасад. Худованд дар ояи 49, сураи "Шӯро" аз духтар ба унвони ҳадя ёд мекунад ва инсонҳо бояд аз ин ҳадяи Худованд хушҳол шаванд. Ин таъбир беҳтарин таъбири мумкин барои духтар аст, ҳамчунон ки барои писар чунин таъбир ба кор нарафтааст. Бо ин ҳол, нақши таъйинкунандаи зан дар бақо ва рушди ҷомеаи башарӣ ҳамеша маврид таваҷҷуҳ будааст. Таърих ин ҳақиқатро дар синаи худ сабт карда, ки паёмбарон дар эҳқоқи ҳуқуқ ва нақши солиму созандаи зан бартарин ҷараёнсозӣ ва ҳидоятро доштаанд, ки боризтарин он шаръи муқаддаси Ислом аст.

Ҷойгоҳи духтарон пеш аз зуҳури Ислом

Дар даврони ҷоҳилияти араб, қабл аз Ислом зинда ба гӯр кардани духтарон, нодида гирифтани эҳсосоти модарӣ роиҷ буд, ки дар бархе қабилаҳо бо пай дар пай таваллуд шудани духтар модарро бо навзод зинда ба гӯр мекарданд ва ин шиддати ҷаҳолати он давраро нишон медиҳад. Зан замони пеш аз Ислом, дар давраи ҷаҳолат хору фурӯмоя буд. Араб занро маншаи зиллату нанг мешумурд ва вақте хабар аз таваллуд шудани духтар меёфт, чеҳрааш ба шиддат мегирифт ва саргардон мемонд, ки онро бо хорӣ нигаҳ дорад, ё дар хок "пинҳон"-аш созад. Зан дар миёни араби ҷоҳилият ба унвони амвол ба ирс мерасид. Дар фарҳанги араби ҷоҳил занон аз ҳамаи ҳуқуқи иҷтимоӣ маҳрум буданд.

 Ҷойгоҳи духтарон пас аз зуҳури Ислом

Дар андешаи исломӣ духтар аз ҷойгоҳҳое бархурдор аст, ки Паёмбари Ислом дар муҳимтарин масоили иҷтимоӣ ононро ворид месозанд. Паёмбари акрам (с) духтари хешро ҳамроҳи худ бурданд, дар ҳоле ки дар он замон аъроб духтаронро зинда ба гӯр мекарданд. Тибқи сираи имомони маъсум  низ, агар касе аз доштани фарзанди духтар эҳсоси нохушнудӣ мекард, он бузургворон бо онон бархӯрд мекарданд ва саъй доштанд, то қолабҳои шахшудаи ҷоҳилиятро аз зеҳни онон пок кунанд.

Аҳамияти духтар назди Паёмбар (с)

Паёмбари Ислом (с) дар таъбире аз духтарон онҳоро "боқиёти солеҳот" сифат кардаанд. Ҳазрат (с) дар бархӯрд бо духтарашон Фотима ҳамагонро ба ҳайрат меоварданд. Дасти духтарашон Фотимаро мебӯсиданд ва мефармуданд: «Падар фидои ӯ бод!». Замоне ки Ҳазрат (с) озими сафар буданд, Фотима охирин касе буд, ки Паёмбар (с) бо ӯ худоҳофизӣ мекарданд ва дар бозгашт низ зудтар аз ҳар касе ба дидани ӯ мерафтанд ва мефармуданд: "Бӯйи биҳиштро аз духтарам, Фотима истишмом мекунам». Расули акрам (с) бо ин суханон ва бархӯрди амалӣ бо духтари худ илова бар шиносондани мақому азимати аҳли байт (с) ва таъкид ба идомаи силсилаи вилояту имомат аз тариқи духтари худ мехостанд ба тамоми инсонҳо собит кунанд, ки дар охирин дини илоҳӣ занону духтарон аз каромату ҷойгоҳи хосе бархурдоранд. Ва бар ҳақ метавон Паёмбари Ислом (с)-ро бунёнгузори такрими духтарону занон донист.

Мурур ба ривоёти мухталиф дар бораи духтарон

Расули Ҳақ (с) фармуданд: "Духтарон чӣ хубанд, меҳрубон ва нармхӯ ва мададгору омода ба кор, аниси инсон, бобаракат ва алоқаманд ба покизагӣ".

Имом Содиқ (а) фармуданд: "Касе, ки ду духтар ё ду хоҳар ё ду холаро сарпарастӣ кунад, сарпарастии он ду ӯро аз оташи ҷаҳаннам ҳифз мекунад". Имом Содиқ (а) фармуданд: "Духтарон ҳасанотанд, писарон неъмати Ҳақанд, бар ҳасанот баҳра медиҳанд ва аз неъмат бозпурсӣ мекунанд".

Расули Худо фармуданд: "Худованд ба духтар меҳрубонтар аз писар аст, касе, ки боиси хошҳолии духтараш шавад, Худованд Рӯзи қиёмат ӯро хушҳол мекунад". Расули Ҳақ (с) дар бораи арзиши духтар доштан фармуданд: "Беҳтарин фарзандони шумо духтарон ҳастанд".

Ҷойгоҳи занон дар ҷавомеи дигар

Дар сарзамини Бобул, маркази тамаддуни калдониён ва ошӯриён соле як бор духтаронеро, ки по ба синни заношӯӣ гузошта буданд, дар як ҷо ҷамъ мекарданд ва ҳар якеро бар ҳасби зебоӣ ба нархе мефурӯхтанд. Дар саросари Африқо хариду фурӯши зан роиҷ ва бо додани ҳадди аксари чаҳор гов ва ҳадди ақал ду мурғ ӯро мехариданд. Дар замони қаҳтӣ бошад, ӯро қурбонӣ мекарданд. Арзиши зан аз як тухми мурғ камтар буд, зеро агар тухми мурғ дар дасти зан мешикаст, зан ба эъдом маҳкум мешуд. Дар Австралия зан ҳукми ҳайвони аҳлеро дошт, ки фақат барои шаҳватронӣ, ҳамли бор ва тавлиди насл ба кор рафта, дар даврони қаҳтӣ ӯро мекуштанд, то гӯшташро бихӯранд.

Дар Спарта барои ислоҳи нажод шавҳаронро ташвиқ мекарданд, занони худро дар ихтиёри мардони нерӯманд қарор диҳанд ва вақте аз писар таваллуд кардани зан маъюс мешуданд, ӯро ба марг маҳкум мекарданд.

Ҷойгоҳи зан дар оини Буддо

Дар ин маслак, агарчи зан мавҷуде аст бо зоҳири фариштагон, аммо дар аъмоқи амиқи қалбаш рӯҳи шайтонӣ ва доми хатарноки шайтон нуҳуфтаву густарда аст, аз ин рӯ, то муддате ҳеҷ занеро ба кеши худ намепазируфтанд ва изҳор медоштанд: Худоё, моро аз шарри шайтон ва нафаси лаиму зан ҳифзи кун. Ва шиори онон ин буд: "Наҷот дар мусоҳибат бо зан ҳосил намешавад".

 Дидгоҳҳои яҳудиён нисбат ба зан

  1. Зан аз қабурғаи мард офарида шудааст.
  2. Зан мавҷуди нафриншуда аст ва дарди зоймонро ба ҳамин манзур Худованд барои ӯ таъйин карда!
  3. Ин Ҳавво будааст, ки Одамро фирефтааст!
  4. Зан ҳайвоне аст, ки шабоҳати зиёде ба инсон дорад.

Ин ҳама дидгоҳҳое ҳастанд, ки ҳазрати Мӯсо (а) ба унвони оварандаи шариати Бани Исроил ин аҳкомро қабул надоштааст.

Марям Аббосӣ, пажуҳишгар