Феврал 05, 2017 21:16 Asia/Dushanbe

Бар асоси баёнияи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, номи Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон аз феҳристи сиёҳи ин созмон хориҷ шуд.

Тибқи ин баёния, Шӯрои амният дар пайгирии қатъномаҳои 1267 (1999), (1999), 1989 (2011) ва 2253 (2015) дар мавриди ДИИШ, Алқоида ва афрод ва гурӯҳҳои вобаста, номи Ҳикматёрро аз феҳристи таҳримҳои Алқоида ва ДИИШ хориҷ кард .

Дар баёния омадааст, таҳримҳои низомӣ ва мусофиратӣ дар параграфи 2 қатъномаи 2253 (2015) Шӯрои амнияти Созмони милал алайҳи раиси ҳизби исломӣ низ бардошта шудааст. Хуруҷи номи Ҳикматёр аз феҳристи сиёҳи Созмони милал аз мавориди тавофуқномаи сулҳи 25 моддаии давлати Афғонистон ва ҳизби исломии ин кишвар буд, ки чаҳор моҳ пеш байни дутараф имзо шуд .

Давлати ваҳдати миллии Афғонистон пас аз имзои ин тавофуқнома, бо ирсоли номае ба Шӯрои амнияти Созмони милал бо ишора ба барқарории оташбаси байни нерӯҳои давлатӣ ва аъзои ҳизби исломӣ, аз ин шӯро хост, номи Ҳикматёрро аз листи сиёҳи терроризми Созмони милал хориҷ кунад. Албатта пеш аз он Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  раисҷумҳури Афғонистон бо судури фармоне муҳим, масъулияти ниҳодҳои амниятӣ, сиёсӣ ва низомии ин кишвар дар қиболи ҳизби исломӣ пас аз пайвастани он ба раванди сулҳро таъин карда буд. Дар ҳамин чорчуб, пайгирии ҳазфи номи Ҳикматёр аз листи сиёҳи Созмони милал бар уҳдаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон вогузор шуда буд .

Бардоштани таҳримҳо, гумоштани кадрҳои ин ҳизб дар идороти давлатӣ, раҳоии зиндониёни ин ҳизб ва таъсиси Комиссияи иҷроӣ барои иҷрои тавофуқномаи сулҳ аз бахшҳои муҳими ин фармон аст. Таваққуфи ҳамалот ба марокизи ҳизби исломӣ, муҳаё шудани шароити пайвастани афроди ин гурӯҳ ба артиш ё соири ниҳодҳои давлатӣ ва хуруҷи номи Ҳикматёр аз феҳристи сиёҳи Созмони милал ва Амрико низ муҳимтарин тааҳҳудоти давлати Афғонистон дар ин тавофуқнома аст. Хориҷ шудани номи раиси Ҳизби исломии Афғонистон аз листи сиёҳи Созмони милал, ки бо пайгирӣ ва дархости давлати ин кишвар анҷом шудааст, метавонад гоме эътимодсоз аз сӯи давлати Кобул барои Ҳикматёр ва нерӯҳои ӯ бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба инки дар рӯзҳои гузашта ахборе дар бораи бозгашти Ҳикматёр ба Кобул дар расонаҳои Афғонистон мунташир шудааст, ин гамона вуҷуд дорад, ки иқдоми Шӯрои амнияти Созмони милал дар ҳазфи номи раиси ҳизби исломӣ аз листи сиёҳ ба ин масъала кумак кунад. Дар ҳудуди чаҳор моҳи гузашта, ки аз имзои ин тавофуқномаи сулҳ байни давлати Афғонистон ва ҳизби исломӣ сипарӣ шудааст, метавон гуфт, ки ҳазфи номи Ҳикматёр аз листи сиёҳи Созмони милал муҳимтарин иқдом барои иҷрои ин тавофуқ будааст, ки барои тарафи муқобил эътимодсоз хоҳад буд .

Ба хусус онки иҷрои дигар бандҳои ин тавофуқнома ба ҳамоҳангӣ ва фароҳам кардани заминаҳое ниёз дорад, ки анҷоми тааҳҳудоти давлати Афғонистонро то ҳудуде кунад кардааст .

 

Барчасп