Таълиқи фаъолияти Салиби Сурх дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13169-Таълиқи_фаъолияти_Салиби_Сурх_дар_Афғонистон
Дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ фаъолияти худро дар Афғонистон ба таври муваққат мутаваққиф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 09, 2017 14:17 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи фаъолияти Салиби Сурх дар Афғонистон

Дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ фаъолияти худро дар Афғонистон ба таври муваққат мутаваққиф кард.

Дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ эълом кард, дар пайи кушта шудани 6 тан аз кормандонаш фаъолияти худро дар Афғонистон ба таври муваққат мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши ИРНА, дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи афроди мусаллаҳи вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ шаш корманди Салиби Сурх дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон кушта шуданд. Дар баёнияи дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки “барои дарки воқаи рухдода ниёзманди таълиқи муваққатии иқдомоти имдодии худ дар Афғонистон ҳастем”.

Рабуда шудани кормандони Созмони Пизишкони Бидуни Марз, кормандони муассисоти минарӯбӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва кормандони Салиби Сурх дар Афғонистон пеш аз ин низ собиқа доштааст ва одамрабоён гоҳе бо рабудани ин афрод барои раҳоии онҳо пул талаб мекунанд.