Радди пойи ДИИШ дар Ховари Дур
Хадамоти амнияти федералии Русия аз дастгир шудани шуморе аз террористҳои муртабит бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ховари Дури ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Хадамоти амнияти федералии Русия эълом кард, маъмурони ин созмон дар ҷазираи Сахалин, дар Ховари Дури Русия шуморе аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро дастгир карданд, ки қасд доштаанд, барои пайвастан ба ДИИШ ба Сурия сафар кунанд.
“Шабака дувум”-и Телевизиони давлатии Русия эълом кард, яке аз аъзои ин гурӯҳи дастгиршуда ба далели фаъолиятҳои террористӣ дар кишвараш, Узбакистон таҳти пайгарди қонунӣ буд ва дар Сахалин низ таҳти назари маъмурони пулис қарор дошт.
Хадамоти амниятии федералии Русия чаҳор нафар аз афроди дастгиршударо ба хадамоти амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳвил додааст.
Ин нахустин бори дастгир шудани террористҳои муртабит ба ДИИШ дар минтақаи Ховари Дури Русия аст, ки ҳудуди 9 ҳазор километр аз Маскав фосила дорад. Бештарин фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Қафқози Русия гузориш шудааст ва то кунун шуморе аз террористҳо дар ин минтақа дастгир гаштаанд.