Озодии нерӯҳои амниятии Афғонистон аз асорати ДИИШ
Даҳҳо тан аз нерӯҳои амниятии Афғонистон, ки дар асорати гурӯҳи террористии ДИИШ буданд, озод шуданд.
Ба иттилои радиои паштуи бурунмарзии Эрон, Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангуи устондори Нангарҳори Афғонистон рӯзи шанбе дар Ҷалолобод гуфт: Дар идомаи амалиёти артиши Афғонистон бо номи шоҳини 25, 42 тан аз нерӯҳои амниятӣ, ки дар боздошти ДИИШ буданд, озод шуданд .
Ба гуфтаи сухангуи устондори Нангарҳор, 16 тан аз нерӯҳои амниятӣ дар шаҳристони Ҳаска Мина ва 26 тан низ дар шаҳристони Кот аз асорати ДИИШ озод шуданд .
Дар ду ҳафтаи гузашта ва бо оғози амалиёти шоҳини 25 дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, садҳо тан аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ кушта ва захмӣ шудаанд .
Даҳҳо русто низ аз вуҷуди террористҳои ДИИШ поксозӣ шудааст .
Ба гуфтаи масъулони артиши Афғонистон, амалиёти шоҳини 25 то поксозии тамомии манотиқи устони Нангарҳор аз вуҷуди аносури гурӯҳи террористии ДИИШ идома хоҳад ёфт .
Устони Нангарҳор аз манотиқи ноамни шарқи Афғонистон аст ва токунун садҳо низомӣ ва ғайринизомӣ дар ҳамалоти гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин устон кушта ва ё захмӣ шудаанд .