Феврал 27, 2017 17:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори низомии Чин ба Амрико

Глобал Таймз - рӯзномаи англисизабони чопи Пекин хитоб ба гардонандагони Амирико навишт: Дарёи Чини ҷанубӣ, ҳавзаи Короиб нест ва "аждаҳои зард" ромшуданӣ нест.

Нируҳои низомии Амрико ва Тайланд дар чанд рӯзи ахир размоиши муштаракро бо номи "Кобра голд" дар манотиқи ҷангалии Тайланд баргузор карданд. Дар ин размоиш, нируҳои заминӣ, туфангдорони дарёӣ, тонкҳо , чатрбозон ва чархболҳои тӯпдор, сенарияҳои як набарди воқеиро ба иҷро гузоштанд. Ин размоиш дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳамзамон бо он , нови ҳавопаймобри Ю. ЭС. ЭС. Корл Винсони Амрико бо ҳадафи гаштзанӣ дар дарёи Чини ҷанубӣ вориди ин дарё шуд. Чин бар тамоми ҷазоир ва манобеъи дарёи Чини ҷанубӣ иддаои моликият дорад ва иддаои дигар кишварҳо, ҳамчун Ветнам, Филиппин, Тайван, Малайзия ва Брунейро бар ҳар минтақае аз ин дарё рад мекунад. Ин дарё сабаби эҷоди таниш миёни Чин, Амирико ва бархе аз кишварҳои минтақа, ки ба думболи тасаллут бар масирҳои тиҷорӣ ва захоири маъдани он ҳастанд, шудааст. Дар чунин шароите Голобал Таймз навишт: Дарёи Чини ҷанубӣ Короиб нест то Амрико рафторҳои густохонаи худро идома диҳад. Аммо генералҳои амрикоӣ гуфтаанд агар заруратҳо пеш ояд, ҷанг иҷтинобнопазир хоҳад буд. Матбуоти Чин, ки бе каму кост дидгоҳи Пекинро дар ҳар заминае иникос медиҳанд, ҳамагӣ навиштанд артиши халқи Чин ҳамеша ба ҳолати омодабош қарор дорад то аз ҳокимият ва марзҳои миллӣ дифоъ кунад.

Воқеият ин аст, ки сиёсати низомии Амрико алайҳи Чин дар даврони риёсатҷумҳурии Доналд Трамп бо андак тафовут бо сиёсати низомии Амирико дар даврони риёсатҷумҳурии Барак Обама идомаи ҳамон сиёсати роҳбурдии Амрико бо меҳварияти тамаркуз бар Шарқ аст. Обама рӯзгоре гуфта буд, "барои расидан ба сулҳ меҷангем" ва акнун Трамп мегӯяд  "дар пайи сулҳ  бар пояи қудрат ҳастем".

Давлатмардони Пекин мепурсанд оё ин иқдомоти Амрико ва нишонаҳои он баёнгари ин нест, ки ингуна иқдомот ҳушдоре ба Чин нест ? Бинобар ин бадеҳӣ аст, ки Чин ҳузури низоми Амрико ва размояши муштараки ин кишварро бо Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва дигар муттаҳидони осиёияш таҳдиди ҷиддӣ алайҳи худ бидонад. Ин таниш дар ҳоле аст, ки аҳамияти Чин барои ИМА дар 20 соли гузашта ба таври пайваста дар сиёсатҳои роҳбурди ин кишвар дар низоми байналмилал рӯ ба афзоиш будааст.

Бархе огоҳони сиёсӣ мегӯянд қобили пешбинӣ набудани сиёсати Трамп, Чинро ба тавсеаи ҳарчи зудтари нируи дарёӣ водор хоҳад кард. Шояд аз нигоҳ Чин, ин бардошти таҳлилгарон чандон дақиқ набошад, аммо шакке нест, ки Чин беш аз шаш даҳа аст, ки мутаносиб бо ҳар иқдоми Амрико дар дифоъ аз манофеъи худ қадам бар медорд. Моҳи марти ҳар сол кангреси милли халқи Чин нишасти солонаи худро баргузор мекунад ва дар ин нишаст раҳбари Чин ва аъзои политбюро (дафтари сиёсӣ) муҳимтарин тасмимҳоро ба вежа дар иртибот бо амалкарди Амрико дар қиболи Чин дар пеш мегирад.