Март 08, 2017 21:15 Asia/Dushanbe

Вазорати кишвари Афғонистон аз поёни ҳамла ба бузургтарин бемористони низомии ин кишвар дар Кобул баъд аз шаш соати табодули оташ хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон гуфт: Ҳамалоти субҳи имрӯз бо кушта шудани муҳоҷимон ба поён расид.

Вазорати беҳдошти Афғонистон дар омори аввалия аз кушта шудани панҷ нафар ва захмӣ шудани 66 нафар хабар дода буд, аммо ба далели густарда будани ҳамалот эҳтимол дорад, шумори куштаҳо беш аз ин бошад .

Гурӯҳи такфирии ДИИШ масъуляти се инфиҷори Кобулро ба уҳда гирифт .

Ин инфиҷорҳо наздики бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довудхон ва сафорати Амрико дар минтақаи дипломатнишини Вазир Акбар Хон дар шаҳри Кобул рух дод .

Ҳафтаи пеш ҳам инфиҷоре маҳиб наздики Девони олии Афғонистон дар шаҳри Кобул ба вуқуъ пайваст, ки дастикам 25 кушта бар ҷо гузошт .

 

Барчасп