Март 11, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Созмони Милал дар мавриди Афғонистон

Созмони Милал дар тозатарин гузориши худ дар мавриди Афғонистон, авзои ин кишварро рӯ ба вахомат донист ва пешбинӣ кард, ҷанг миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон, ки дар соли 2016 ба авҷ расида буд, дар соли 2017 ҳамчунон идома ёбад.

Созмони Милал дар гузориши худ таъкид кардааст, дар ҳудуди як соли гузашта 24000 рӯйдоди амниятиро дар Афғонистон сабт кардааст, ки ин омор афзоиши панҷдарсадиро нисбат ба соли 2015 нишон медиҳад.

 Яке аз мушкилоти амниятӣ, ки Афғонистон бо он рӯбарӯст, густариши ҷуғрофиёи ҷанг аз манотиқи ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ ба шимоли Афғонистон ва шарқи ин кишвар аст. Бархе гузоришҳо аз ҳузури гурӯҳи Толибон дар манотиқи ғарбии Афғонистон низ ҳикоят дорад, ки баёнгари густариши пӯшиши ноамнӣ дар саросари ин кишвар аст.

Ташдиди ҳамалоти Толибон дар вилояти Кундӯз ва талоши ин гурӯҳ барои тасаллут бар ин вилоят, навъе қудратнамоии Толибон ва талош барои даргир кардани артиши Афғонистон дар ҷабҳаҳои мухталиф аст.

 Оморҳои СММ ҳам нишон медиҳад, панҷоҳ дарсади рӯйдодҳои амниятӣ дар панҷ вилояти ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон рух додаву афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳи Толибон дар шимол ва шимоли шарқии Афғонистон баёнгари тавсеаи ҷуғрофиёи ҷанг дар ин кишвар аст. Бисёре бар ин эътиқоданд, Толибон барои таҳти фишор қарор додани давлати Афғонистон ҷиҳати гирифтани имтиёзоти лозим дар музокироти эҳтимолии сулҳ, ҷуғрофиёи ҷангро густариш додааст то худро нерӯи таъсиргузор бар таҳаввулоти амниятии Афғонистон нишон диҳад. Аммо дар канори Толибон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ки худро ДИИШ дар Афғонистон муаррифӣ мекунанд, сабаби ташдиди буҳрони ноамнӣ дар ин кишвар шудааст.

Маҳофили ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Милал ин вазъиятро умдатан ношӣ аз заъфи артишу полиси миллии Афғонистон унвон мекунанд ва ба баҳонае барои афзоиши нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон табдил шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар шонздаҳ соли ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, ки бо иддаои муқобила бо терроризм сурат гирифт, на танҳо Вашингтон иқдоме дар ҷиҳати тақвияти сохторҳои низомии Афғонистон, аз ҷумла таҷҳизи нерӯи ҳавоӣ сурат надод, балки монеъ аз вуруди сойири кишварҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ба ин арса шуд. Вазъияте ки боис шудааст дар бархе аз ҷабҳаҳо террористҳо ва нерӯҳои хушунатталаб дасти бартарро дошта бошанд. Фармондеҳони артиши Афғонистон ҳам борҳо бо таъйиди ин мавзӯъ, хоҳони афзоиши зарфияти амалиётии артишу полиси миллии ин кишвар бо дарёфти кӯмакҳои байналмилалӣ шудаанд.

Ҳарчанд СММ ҳам дар гузоришҳои зиёди худ ин мавзӯро таъйид кардааст, аммо ба унвони танҳо марҷаи байналмилалӣ, ки ҳадафаш кӯмак ба барқарории сулҳ аст, иқдоме муассир барои тақвияти давлату артиши Афғонистон барои муқобила бо терроризм сурат надодааст ва бо вогузории умур ба Амрико ва НАТО, дар воқеъ ба густариши буҳрон дар Афғонистон доман мезанад. Зеро ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар он кишвар худ ба омили ноамнӣ ва буҳрон табдил шудааст. Амрико ва НАТО то қабл аз соли 2014 беш аз 130 ҳазор нерӯ дар Афғонистон мустақар карда буданд, ки амалан натавонистанд амнияту суботро дар ин кишвар таъмин кунанд. Зеро сиёсати Амрико барқарории оромишу амният дар Афғонистон нест. Чунки дар ин сурат наметавонад идомаи ҳузури низомии худро дар Афғонистон тавҷеҳ кунад.

Бинобар ин, ҳузури даҳ ҳазор нерӯи низомии Амрико дар Афғонистон ва таъкиди фармондеҳони низомии Амрико барои афзоиши онҳо нишон медиҳад, ки Вашингтон сиёсати табдили Афғонистон ба пойгоҳи низомии худ дар минтақа ва транзити терроризм ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз то марзҳои Чинро бо ҷиддият дунбол мекунад.

 

Барчасп