Вашингтон Пост хабар дод: Ташдиди ихтилофи Трамп ва аъзои кобина дар бораи Русия
(last modified 2017-04-19T15:08:47+00:00 )
Апрел 19, 2017 20:08 Asia/Dushanbe
  • Вашингтон Пост хабар дод: Ташдиди ихтилофи Трамп ва аъзои кобина дар бораи Русия

Рӯзномаи Вашингтон Пост дар мақолае сиёсати раисҷумҳури Амрикоро дар қиболи Русия, омили бурузи ихтилоф дар кобинаи Амрико донист.

Вашингтон Пост дар ҳамин ҳол менависад, алорағми ихтилофи мавҷуд дар давлати Амрико, сиёсати Вашингтон дар қиболи Русия тағйир нахоҳад кард .

Вашингтон Пост бо ишора ба изҳороти ҳафтаи гузаштаи Трамп навишт, ҳамачиз миёни Амрикову Русия рӯ ба роҳ хоҳад шуд ва сулҳе пойдор барқарор хоҳад шуд .

Ин рӯзнома, изҳороти Трампро дар қиболи Русия, муҳаббатомез ва дар идомаи машии вай дар таблиғоти интихоботиаш хонда ва менависад, ин мавозеъ боис шудааст, ки Трамп дар кобинаи худ мунзавӣ шавад .

Вашингтон Пост ҳамчунин бо ишора ба нуфузи қавии мухолифони Русия дар давлати Амрико аз боло гирифтани эътирозҳоиҳои онон ба Трамп дар чанд рӯзи гузашта хабар дод .

 

Барчасп