Май 01, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии як минтақа дар вилояти Фориёби Афғонистон

Дар амалиёти нерӯҳои Афғонистон, марказ ва фармондеҳии полиси шаҳристони Ғурмоч дар вилояти Фориёби ин кишвар аз Толибон пас гирифта шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Абдулаҳад Илбек, муовини Шӯрои волии Фориёб рӯзи душанбе гуфт: Нерӯҳои амниятӣ баъд аз чанд соати набард, марказ ва сохтмони фармондеҳии полиси шаҳристони Ғурмоч дар вилояти Фориёбро аз контроли Толибон хориҷ карданд .

Илбек гуфт, бо ин ҳол ҳануз бахшҳое аз шаҳр дар ишғоли Толибон аст.

Муовини Шӯрои вилоятии Фориёб афзуд, рақами дақиқи талафоти воридашуда ба дутараф дар Ғурмоч ҳануз маълум нест .

Шаҳристони Ғурмоч дар солҳои ахир борҳо миёни Толибон ва нерӯҳои амниятӣ даст ба даст шудааст .

Толибон шаби гузашта бо интишори баёнияе эълом кард, ки шаҳристони Ғурмоч дар натиҷаи амалиёти баҳораи Толибон мавсум ба амалиёти «Мансурӣ» ба дасти ин гурӯҳ афтодааст .

Аз сӯи дигар, Муҳаммадориф Шоҳҷаҳон, волии Фароҳ аз вазъияти амниятӣ дар ин вилоят ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, 80 дарсад аз манотиқи Фароҳ дар тасарруфи Толибон аст .

Волии Фароҳ ҳамчунин гуфтааст, 80 дарсад аз парвандаҳои ҳуқуқӣ ва масоили идорӣ дар ин вилоятро Толибон расидагӣ мекунанд .

Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Афғонистон бо радди ин мавзуъ эълом кардааст, нерӯҳои амниятии афғон бар ҳамаи шаҳристонҳои вилояти Фароҳ тасаллут доранд ва мардум барои ҳалли мушкилоти идорӣ ва ё парвандаҳои ҳуқуқӣ ба Толибон муроҷиа намекунанд .

 

Барчасп