Муаррифии саркардаи ҷадиди ДИИШ дар Афғонистон
Як манбаъ дар давлати Афғонистон гуфт: Фарде ба номи Ирҳобӣ, ки гуфта мешавад, бародари Ҳофизи Саид, раҳбари пешини гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон аст, ҷойгузини Абдулҳасиб Логарӣ шудааст.
Ба иттилои Ирно, ин манбаъ, ки хост номи вай фош нашавад, ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки Ирҳобӣ ба тозагӣ бо 100 ҷангҷуи тозанафас ва силоҳҳои сабку сангин аз Покистон вориди хоки Афғонистон шудааст .
Абдулҳасиб Логарӣ, дуввумин саркардаи ДИИШ дар Афғонистон, ҳудуди се ҳафта қабл дар шаҳристони Ачини Нангарҳор дар ҳамалоти ҳавоӣ ба ҳалокат расид ва давлати Афғонистон ва Вазорати дифои Амрико кушта шудани вайро тайид карданд .
Гурӯҳи ДИИШ ҳавзаи фаъолияти худро дар Афғонистон, ки бахше аз минтақаи мавсум ба Хуросон медонад, аз ҳудуди ду солу ними пеш оғоз кард ва фармондеҳии ин гурӯҳро Ҳофизи Саид бар уҳда дошт.
Саид аввалин саркардаи ДИИШ дар Афғонистон буд, ки тобистони соли гузашта дар устони Нангарҳор дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини хориҷӣ кушта шуд .
Манотиқи кӯҳистонӣ ва сахтгузари шаҳристонҳои Ачин, Кот, Нозиён ва Ҳаска Мина дар устони Нангарҳор маҳалли аслии истиқрору фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон аст, аммо бархе манобеъ гуфтаанд, ки ин гурӯҳ дар устонҳои ҷанубӣ аз ҷумла Зобулу Ғазнӣ ва устонҳои шимолӣ низ ҳузур доранд .