Май 24, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Беҳтарин хабари Ховари Миёна дар нимаи нахусти 2017 аз назари “Фигаро”

Торнамои хабарии “Фигаро” ва пуршуморгонтарин рӯзномаи Фаронса навишт: “Пирӯзии дурахшони Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи рӯзи ҷумъаи 29 урдибиҳишт, беҳтарин хабари Ховари Миёна дар нимаи нахусти соли 2017 аст”.

Ба иттилои Ирно, рӯзномаи фаронсавии “Фигаро” афзуд: Эрониён дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, сиёсати миёнаравиро интихоб карданд ва пирӯзии дубораи Ҳасани Рӯҳонӣ барои ғарб ба раҳбарии Фаронса фурсате эҷод кард, то пули равобити фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии байни Эрон ва Аврупоро мараммат кунад .

Бисёре аз расонаҳои муътабари Фаронса рӯзи 19 май бо интишори лаҳза ба лаҳзаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, саҳми вижае дар бозтоби байналмилалии ахбори ин рӯйдод доштанд ва борҳо титри яки саҳифаи торнамои хабарии худро ба интихоботи Эрон ва дар ниҳоят пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ ихтисос доданд .

Ин расонаҳо бо муаррифии Рӯҳонӣ ба унвони сиёсатмадоре қудратманд ва миёнарав, сиёсати гушоиши иқтисодӣ бо ҷаҳонёнро яке аз авомили пирӯзии ӯ дар интихобот баршумурданд .

Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ, ки ҳудуди ду ҳафта қабл пирӯзи рақобатҳои интихоботии Фаронса шуд, аз ҷумлаи нахустин раҳбарони ҷаҳон буд, ки пирӯзии Рӯҳониро дар давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба сурати расмӣ табрик гуфт ва аз он истиқбол кард .

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа 19 май бо касби 23 миллиону 500 ҳазор раъй барои дуввумин бор ба раёсатҷумҳурии Эрон интихоб шуд .

 

Барчасп