Ҳамлаи маргбор ба масеҳиён дар Миср
Ҳамла ба мошини масеҳиён дар вилояти Минёи Миср даҳҳо куштаву маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, раиси Маркази фарҳангии қибтиёни Миср эълом кард, шумори қурбониёни ҳамлаи хунин ба қибтиҳо дар устони Минё ба 35 нафар расидааст. Пеш аз ин Исом Бадивӣ, раиси вилояти Минё аз кушта шудани 24 нафар ва захмӣ шудани 25 нафари дигар дар тирандозии 10 фарди мусаллаҳ ба ду автобуси ҳомили масеҳиён дар ин вилоят хабар дода буд. “Скай ниюз”-и арабӣ низ гузориш дод, ки бештари кушташудагон дар ин ҳамла кӯдак ҳастанд. Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср низ хостори ташкили нишасти амниятӣ барои баррасии ин ҳодиса шудааст.
Гурӯҳҳои ифротӣ пеш аз ин низ борҳо дар ҳамалоти маргбор даҳҳо тан аз масеҳиёни Мисрро куштаанд.