Вокуниши Ашраф Ғанӣ ба эҳтимоли даст доштани артиши Покистон дар инфиҷори Кобул
(last modified 2017-06-01T11:33:51+00:00 )
Июн 01, 2017 16:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ашраф Ғанӣ ба эҳтимоли даст доштани артиши Покистон дар инфиҷори Кобул

Раисиҷумҳурии Афғонистон барои таъйини мавзеъи давлати Ваҳдати миллӣ дар қиболи давлати Покистон, иҷмоъи миллӣ дар ин кишварро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ниҳодҳои амниятии афғон, бомбгузории рӯзи гузашта дар Кобулро, ки 100 кушта ва 500 захмӣ барҷой гузошт, кори гурӯҳи террористии “Ҳаққонӣ” бо ҳамкории Созмони иттилооти артиши Покистон донистанд.

Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи террористии Кобул, дар як гуфтугӯи телевизионӣ мардуми ин кишварро ба басиҷи (ваҳдат) миллӣ фаро хонд.

Ғанӣ эълом кард, ки ҳукумати Афғонистон пас аз мушовира бо раҳбарони сиёсӣ, ҷиҳодӣ, бузургони қавмӣ ва намояндагоин афғон дар назар дорад, то фармони эътои салоҳиятҳои вижа ба неруҳои амниятии афғон дар мубориза бо терроризмро содир кунад.

Раисиҷумҳури Афғонистон хитоб ба миллат, уламо, бузургони сиёсӣ, Шӯрои миллӣ, расонаҳо, занон, ҷомеаи маданӣ ва ҷавонон гуфт, дар ин басиҷи миллӣ дар канори ҳукумати биистанд ва алайҳи душманон Афғонистон сафи ягона ва муназзам ташкил диҳанд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Афғонистон низ дар баёнияе эълом кард, қарор аст, барои эътои салоҳиятҳои вижа ба неруҳои амниятии афғон, нишасте дар Кобул баргузор шавад.

 

Барчасп