Ҷон бохтани тасвирбардори шабакаи Presstv дар ҳамлаи Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18244-Ҷон_бохтани_тасвирбардори_шабакаи_presstv_дар_ҳамлаи_Кобул
Тасвирбардори афғонистонии шабакаи Presstv Эрон дар ҳамлаи интиҳории чаҳоршанбеи гузашта дар шаҳри Кобул кушта шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 05, 2017 21:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани тасвирбардори шабакаи Presstv дар ҳамлаи Кобул

Тасвирбардори афғонистонии шабакаи Presstv Эрон дар ҳамлаи интиҳории чаҳоршанбеи гузашта дар шаҳри Кобул кушта шуд.

Пайкари Ҳабиби Ҳусайнзода асри рӯзи душанбе пас аз панҷ рӯз пайдо шуд ва хонаводааш пайкари ӯро шиносоӣ карданд .

Ҳабиби Ҳусайнзода рӯзи чаҳоршанбе дар ҳоле, ки аз хона озими дафтари кораш буд, дар минтақаи Вазир Акбархон дар ҳамлаи интиҳорӣ ҷонашро аз даст доду аммо ҷасадаш то асри имрӯз нопадид буд .

Қарор аст, маросими хоксупории оқои Ҳусайнзода фардо сешанбе дар ғарби шаҳри Кобул баргузор шавад .