Оғози бузургтарин озмуни ҷаҳон дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18312-Оғози_бузургтарин_озмуни_ҷаҳон_дар_Чин
Бузургтарин озмуни ҷаҳон бо мушорикати ҳудуди 9 миллиону 400 ҳазор нафар аз донишомӯхтагони дабиристонҳои Чин дар саросари ин кишвар оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2017 06:48 Asia/Dushanbe
  • Оғози бузургтарин озмуни ҷаҳон дар Чин

Бузургтарин озмуни ҷаҳон бо мушорикати ҳудуди 9 миллиону 400 ҳазор нафар аз донишомӯхтагони дабиристонҳои Чин дар саросари ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, озмуни саросарии донишгоҳҳо дар Чин, ки ба “Гаокао” маъруф асту аз он ба унвони бузургтарин имтиҳоноти саросарӣ дар ҷаҳон ёд мешавад, барои ҷавонону хонаводаҳои чинӣ дорои аҳамияти зиёде аст, зеро ҷавонони чинӣ озмунҳои вурудии донишгоҳҳоро ба унвони озмуне барои пешрафт ё шикасти худ талаққӣ мекунанд.

Бо ин ҳама, оморҳо нишон медиҳад, ки шумори донишомӯзони чинӣ ки дар кункури имсол ширкат мекунанд, аз теъдоди 10 миллиону 500 ҳазор нафар дар соли 2008 камтар аст.