Июн 08, 2017 12:19 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Шӯрои амнияти СММ ба ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон

Шӯрои амнияти СММ бомдоди панҷшанбе дар баёнияе ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Теҳрон ваҳшиёнаву буздилона хонд ва ин ҳамалотро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин баёния ки аз сӯйи раиси давраии Шӯрои амният содир шуда, омадааст: аъзои Шӯрои амнияти СММ ҳамалоти террористии ваҳшиёнаву буздилонае, ки Теҳрон - пойтахти Ҷумҳурии исломии Эронро ҳадаф қарор дод, ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум мекунанд.

Бахши дигаре аз ин баёния меафзояд, аъзои Шӯрои амният ҳамдардии амиқу маротиби таслияти худро бо хонаводаҳои қурбониён ва миллати Эрон иброз ва барои маҷрӯҳони ин ҳамалоти террористӣ орзӯи беҳбудӣ мекунанд.

Дар ин баёния бо маҳкум кардани тамоми шаклҳои терроризм бар ниёз ба мушорикати ҳамаи кишварҳо барои мубориза бо ин падидаи шум мутобиқи маншури СММ ва дигар тааҳҳудоти ҳуқуқи байналмилал таъкид шудааст.

Шӯрои амният ҳамчунин муҳокимаву муҷозоти муртакибон, созмондиҳандагон, пуштибонон ва ҳомиёни молӣ ин гуна иқдомоти террористиро хостор шудаву бар баҳрагирӣ аз тадобири лозим барои ҷилавгирӣ аз таъмини молии террористҳо мутобиқи қатъномаҳои 2199 ва 2253 СММ таъкид кардааст.

Субҳи чаҳоршанбе бар асари ду ҳамлаи террористии ДИИШ дар Теҳрон, 13 нафар шаҳид ва 43 нафар низ маҷрӯҳ шуданд.

 

Барчасп