Июн 09, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сарони СҲШ бар ҳалли буҳрони Сурия

Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар ҳабдаҳумин нишасти худ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бар ҳалли буҳрони Сурия таъкид карданд.

Ба гузориш ИТАР-ТАСС, Рашид Олимов, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шонгҳой рӯзи ҷумъа дар нишасти аъзои ин созмон дар Остона гуфт, сарони кишварҳои узви СҲШ ҳаллу фасли буҳрони Сурияро аз тариқи гуфтугӯҳои суряӣ бо суряӣ бар асоси муқаррароти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хосторанд. Ӯ афзуд, сарони СҲШ бар ин боваранд, ки нишасти Остона ба эҷоди шароити лозим барои ёфтани роҳҳали қобили қабул барои буҳрони Сурия аз ҷониби ҳама тарафҳои ҳозир дар нишасти ояндаи Женеваи Швейдсария таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид кӯмак мекунад. Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳамчунин гуфт, ки ин созмон дар ҳоли табдил шудан ба як ниҳоди калидӣ дар минтақаи Авруосиё аст ва кишварҳои минтақаро ба якдигар мутааҳҳид мекунад.

17-умин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Остона, пойтахти Қазоқистон зуҳри рӯзи ҷумъа ба манзури баррасии узвияти расмии Ҳинд ва Покистон, талоши аъзое барои узвияти Эрон дар ин созмон ва ҳамчунин баҳсу баррасӣ дар бораи роҳкорҳои таъмини амният бо ҳадафи тавсеаи фаъолиятҳои иқтисодию саноатӣ баргузор шуд. Чин низ, ки рӯзи ҷумъа раёсати давраии СҲШ-ро бар уҳда гирифт, аз кишварҳои узви ин созмон хост, тарҳи ҳамкорӣ барои мубориза бо «се нерӯи шайтонӣ», шомили терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароиро барои се соли оянда барномарезӣ кунанд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар нишасти рӯзи ҷумъаи СҲШ бар зарурати пайгирии тарҳҳои иқтисодии чандҷониба дар фазои Созмони Ҳамкории Шонгҳой таъкид кард. Раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, барои аз байн бурдани муъзали терроризм ҳама кишварҳо бояд ҳамкории содиқона ва муассир бар асоси ҳуқуқи байналмилал дошта бошанд. Путин гуфт, зарур аст, заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии терроризм аз байн биравад ва ҳамчунин бояд бо густариши тафаккури ифротӣ муқобила кард.

 

 

Барчасп