Қадрдонии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Эрон
Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистон ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии паноҳанда дар маросиме, ки ба ҳамин муносибат дар Кобул баргузор шуд, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон ба далели беш аз се даҳа мизбонӣ аз муҳоҷирони афғон қадрдонӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбе дар маросими гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии паноҳанда, ки бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки барои бозгардондани муҳоҷирони афғон бо мулоҳизаи вазъияти амниятии Афғонистон тасмимгирӣ кунанд.
Вазъияти амниятии Афғонистон дар як соли гузашта вахимтар шуда, аз оғози соли 2006 ағлаби вилоятҳои ин кишвар шоҳиди ҳамлаҳои интиҳорӣ ё инфиҷорҳои маргбор будааст, ки ин ҳамлаҳо дар канори бекорӣ боиси ба муҳоҷират рӯ овардани ҷавонони афғон шудааст. Бар асоси баровардҳои ғайрирасмӣ, беш аз ҳафт миллион тан аз шаҳрвандони Афғонистон дар кишварҳои мухталифи дунё ба сар мебаранд, ки наздик ба шаш миллион нафари онҳо дар ду кишвар ҳамсоя, Эрон ва Покистон сукунат доранд ва камтар аз як миллион нафари дигар дар кишварҳои аврупоию дигар кишварҳои минтақа зиндагӣ мекунанд. Беш аз ниме аз муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғони сокини Эрону Покистон ба сурати ғайриқонунӣ дар ин ду кишвар сокин шудаанд. Вазорати умури муҳоҷирини Афғонистон шумори шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар кишварҳои мухталифи дунё зиндагӣ мекунанд, панҷ миллиону 538 ҳазор нафар эълом кардааст.