Ҷарима барои истифода аз вожаи “Курдистон” дар парлумони Туркия
Бархе аҳзоби Туркия тарҳеро ба маҷлиси ин кишвар ироа карданд, ки ба мӯҷиби он, истифодаи намояндагони парлумон аз вожаи “Курдистон” ҷаримаи нақдӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори ИРНА, Ҳизби адолат ва тавсеа ва Ҳизби ҳаракати миллии Туркия, ки аз бунёнгузорони тағйири 18 модаи Қонуни асосии Туркия ҳастанд, бо ироаи тарҳе ҳошиясоз ба парлумони ин кишвар, ҷаримаи нақдии он даста аз намояндагонеро хостор шуданд, ки аз вожаи Курдистон истифода мекунанд.
Бар асоси ин тарҳи пешниҳодӣ, дар суханронии намояндагон дар Маҷлиси Туркия бакор бурдани иборатҳое аз ҷумла, Курдистон ҷаримаи нақдӣ барои намояндагони маҷлис дар пай хоҳад дошт.
Давлати Туркия мӯътақид аст, ки намояндагони маҷлиси манотиқи курднишин бо бакор бурдани вожаи Курдистон, ки дар номи ҳеҷ кадом аз устонҳои курднишини Туркия вуҷуд надорад ба фикри таҷзияталабӣ ва мавзуоти қавмиятӣ ҳастанд.
Ҳамчунин дар ин тарҳ пешниҳоде, ки ин ду ҳизб ба маҷлис ироа мекунанд намояндагони маҷлисе, ки матни савганди номаро қироат накарда ва ё аз қироати дақиқи он худдорӣ кунанд, ҳаққи намояндагиро аз даст хоҳанд дод ва ихтиёроте, ки барои намояндаи маҷлис таъриф шуда аз онҳо салб хоҳад шуд.
Мавзӯи курдҳо аз бузургтарин чолишҳои Анқара аст.
Раванди сулҳ барои ҳалли масъалаи курдҳо дар Туркия, ки декабри 2012 оғоз шуда буд, ба баҳонаи инфиҷори моҳи июли 2015 дар шаҳри Суручи ин кишвар мутавақиф шуда ва пас аз он, артиши Туркия ҳамла ба мавозеи Ҳизби коргарони Курдистони ин кишвар "П.К.К"-ро ташдид кардааст.