Июл 13, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи бозхости Трамп

Дар миёни ифшои моҷарои тамоси Доналд Трамп Ҷуниур бо вакили рус, тарҳи истеҳзои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ироа шуд.

Брэд Шерман, узви демократи Маҷлиси намояндагони Амрико, Доналд Трампро ба монеътарошӣ дар масири таҳқиқот дар бораи дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико муттаҳам кард ва расман хостори истизоҳ (бозхост)-и вай шуд. Ин барои нахустин бор аст, ки як узви Конгресси Амрико ба таври расмӣ тарҳеро барои истеҳзои Трамп матраҳ мекунад.

Ифшои хабари тамоси Доналд Трамп Ҷуниур, писари аршади раисҷумҳури Амрико бо вакили рус дар даврони рақобатҳои интихоботи соли гузашта, ҳамалот ба Доналд Трампро шуълавартар кардааст. Бар асоси имейлҳое, ки Доналд Трамп Ҷуниур мунташир кард, фарде ба номи Роб Голдстоун, робити Наталя Веселнитская, вакили рус, ба писари аршади Трамп хабар медиҳад, ки иттилооти боарзише алайҳи Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократҳо дар интихоботи соли 2016 дорад, ки метавонад ба баранда шудани Доналд Трамп кумак кунад. Писари Трамп низ аз ин пешниҳод истиқбол ва бо Веселнитская дидор мекунад. Албатта Доналд Трамп Ҷуниур эълом кардааст, ки дар ин дидор ҳеҷ иттилооти арзишманде радду бадал нашуд. Бо ин ҳол, мунтақидони раисҷумҳури Амрико, ҳамин дидорро ба унвони ҷиддитарин санад дар исботи дахолати Русия дар интихоботи Амрико ва табонии тими интихоботии Трамп бо русҳо матраҳ кардаанд.

Акнун бо фош шудани санади маҳкаме аз табонии тими интихоботии Трамп бо русҳо, Брэд Шерман тарҳи истеҳзои раисҷумҳури Амрикоро ба иттиҳоми талош барои ҷилавгирӣ аз ифшои ҳақиқат ба Маҷлиси намояндагон ироа кардааст.  

Албатта Трамп чандин бор таъкид кардааст, ки аз тамоси писари аршадаш бо вакили рус мутталеъ набудааст. Бо ин ҳол, ба далели даргир будани ҳадди ақал 5 тан аз наздиктарин мушовирони Трамп дар парвандаи ҷанҷоли дахолати Русия дар интихоботи Амрико, аз ҷумла писару домоди вай, эҳтимоли мутталеъ набудани Трамп аз ин тамосҳо коҳиш меёбд.

Аз ин рӯ, чи басо дар ниҳоят пои раисҷумҳури Амрико низ ба ин моҷаро кашида шавад ва Трамп низ маҷбур ба адои савганд шавад. Дар ин сурат, хатари истеҳзо як қадам ба раисҷумҳури Амрико наздиктар мешавад.  

Гарчи истеҳзои раисҷумҳури Амрико як фароянди ҳуқуқӣ аст ва ба эъломи ҷурм алайҳи вай ниёз дорад, аммо раъй ба барканории олитарин мақоми иҷроии Амрико як фароянди сиёсӣ қаламдод мешавад. Қонуни асосӣ вазифаи эъломи ҷурм алайҳи раисҷумҳуриро бар уҳдаи Маҷлиси намояндагон ва вазифаи муҳокимаи вайро бар уҳдаи маҷлиси Сенат гузоштааст. Дар ҳоли ҳозир, ҳар ду маҷлис дар контроли Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст ва ба назар намерасад, ҷумҳурихоҳон бо истеҳзои як раисҷумҳури ҳамҳизбии худ мувофиқат кунад.  

Албатта агар дар идомаи масири таҳқиқот ва ифшогариҳо, асноди муътабар ва ғайри қобили китмон аз мушорикати шахси Доналд Трамп дар парвандаи дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2016 ироа шавад, чи басо чиҳилу панҷумин раисҷумҳури Амрико низ монанди ҳафдаҳумин ва чиҳилу дуввумин раисҷумҳури ин кишвар дар Сенат муҳокима шавад.

 

Барчасп