Дидори эълом нашудаи раисиҷумҳури Олмон аз Афғонистон
(last modified Thu, 13 Jul 2017 16:20:43 GMT )
Июл 13, 2017 21:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори эълом нашудаи раисиҷумҳури Олмон аз Афғонистон

Раисиҷумҳури Олмон дар сафар ба Афғонистон гуфт, субот дар ин кишвари ҷангзада бидуни тафоҳуми сиёсӣ бо Толибон имконпазир нест.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Франк Валтер Штайнмайер рӯзи панҷшанбе дар сафаре аз қабл эълом нашуда, вориди Мазори Шариф- маркази вилояти Балхи Афғонистон шуд ва пас аз боздид аз низомиёни кишвараш дар ин вилоят, бо Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дидор кард.

Штайнмайер дар ин дидор гуфт, авзои амниятии Афғонистон, аз ҷумла Кобул рӯз ба рӯз бадтар мешавад ва ҳамалоти гурӯҳҳои мухолиф низ дар ду соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Ин изҳороти раисиҷумҳури Олмон дар ҳоле аст, ки Ғарб борҳо эълом карда буд бо афзоиши ҳузури низомиёни хориҷӣ, Толибон дар Афғонистон шикаст хоҳад хӯрд ва амният, сулҳ ва субот ба ин кишвар боз хоҳад гашт.

Раисиҷумҳури Олмон субҳи имрӯз пас аз сафар ба Қазоқистон вориди шаҳри Мазори Шариф шуд, то бо низомиёни Олмон дар Афғонистон дидор кунад.

Дар ҳоли ҳозир наздик ба ҳазор низомии олмонӣ дар Афғонистон ҳузур доранд.