Тамдиди вазъи фавқулодда дар Туркия
Парлумони Туркия вазъи фавқулоддаро дар ин кишвар, ки аз як сол пеш дар пайи табаддулоти нофарҷоми 15-ум июл эълом шуда буд, се моҳи дигар тамдид кард.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ба рағми ҳама интиқодоту эътирозҳо нисбат ба эъломи вазъи фавқулодда дар Туркия Ҳизби адолат ва тавсеа, ки аксарияти курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад, ба роҳатӣ тавонист ин вазъро се моҳи дигар тамдид кунад. Ҳукумати Туркия субҳи душанбе бо ирсоли дархосте ба парлумони ин кишвар тамдиди семоҳаи вазъи фавқулоддаро аз рӯзи чаҳоршанбе хостор шуда буд.
Вазъи фавқулодда дар Туркия 20-уми июли соли гузашта, панҷ рӯз пас аз табаддулоти нофарҷом дар ин кишвар эълом шуд ва аз он замон то кунун чандин бор тамдид шудааст. Иттиҳоди Аврупо ва аҳзоби мухолифи Ҳукумати Туркия ҳукумати ин кишварро муттаҳам кардаанд, ки аз табаддулоти нофарҷом барои саркӯбии мухолифони сиёсияш истифода мекунад. Ҳукумати Туркия муддаӣ аст, Фатҳуллоҳ Гулен бо рахна кардани ниҳодҳои додгоҳӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва аркони давлатӣ табаддулоти нофарҷоми 15-уми июлро пиёда кардааст, аммо Гулен ин иттиҳомҳоро рад мекунад. Давлати Эрдуғон аз замони табаддулоти нофарҷоми 15 июли соли 2016 то кунун беш аз 130 ҳазор нафарро зиндонӣ ва аз мансаб барканор кардааст.