Ташкили кишвари худхондаи ҷадид дар Украина
(last modified Wed, 19 Jul 2017 06:31:33 GMT )
Июл 19, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ташкили кишвари худхондаи ҷадид дар Украина

Сарони минтақаи Донетск ва Луганск дар шарқи Украина бо эъломи иттиҳод ҳамроҳи чанд минтақаи атроф, ташкили кишвари худхондае ба номи “МалоРусия””- ро эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар нишасти вижае дар Донетск сарони минтақаи Луганск ва афроде ба унвони намояндагони 19 минтақаи Украина, таъсиси ҷумҳурии ҷадиди МалоРусияро эълом карданд, ки пойтахти он шаҳри Донетск хоҳад буд.

Александр Захарченко, раиси минтақаи Донетск дар ин нишаст гуфт, Украина нишон дод, ки ҳукумати тавонманд нест ва наметавонад ҷанги дохилиро мутаваққиф кунад.

Захарченко афзуд, роҳи хуруҷ аз ин ин бунбаст, эҷоди ҳукумати ҷадиди МалоРусия аст ва ин давраи интиқолӣ се сол замон мебарад.

Аз сӯйи дигар,  Петр Порошенко, раиси ҷумҳурии Украина дар вокуниш ба эъломи таъсиси МалоРусия гуфт, манотиқи Донетск ва Луганску Қрим дубора таҳти контроли давлати ин кишвар дархоҳад омад.

Манотиқи Донетск ва Луганск моҳи апрели соли 2014 аз Украина эъломи истиқлол карданд ва дар се соли ахир низ ҷангҳои хунине бо нерӯҳои давлатӣ дар ин манотиқ рух дода, ки ҷони ҳазорон нафарро гирифта ва садҳо ҳазор овора барҷой гузоштааст.

 

Барчасп