Июл 30, 2017 17:15 Asia/Dushanbe
  • Идомаи боздошти рӯзноманигорон дар Туркия

Додгоҳи Истанбул ба идомаи боздошти ҳафт тан аз рӯзноманигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и Туркия раъй дод.

Бар асоси ҳукми додгоҳи Истанбул, ин ҳафт рӯзноманигор ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Гулен пас аз табаддулоти нофарҷоми 15 июли соли 2016 дар боздошт ба сар мебаранд.

Дар як соли гузашта давлати Анкара теъдоди зиёде аз рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, хабаргузориҳо ва пойгоҳҳои хабарии интернетӣ ва ҳамчунин чопхона, анҷуману бунёдҳои фаъоли мухолифро таътил кардааст. Дар ин иртибот Анҷумани хабарнигорони Туркия эълом кард, аз лиҳози ҳуқуқи башар ва қавонини байналмилалӣ вазъияти ҷорӣ дар Туркия қобили қабул нест. Ин анҷуман ду моҳ пеш бо интишори гузорише эълом кард, дар миёни боздоштшудагон шумори зиёде аз кормандони матбуоту расонаҳо вуҷуд дорад. Анҷумани хабарнигорони Туркия ҳамчунин аз фирори 123 хабарнигори турк ба хориҷ аз кишвар то поёни моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дод. Дар ин гузориш, ки "Гузориши озодӣ баёну матбуот” ном дошта, бо ҳимояти Иттиҳоди Аврупо мунташир шудааст, омадааст, 159 хабарнигори дигари турк дар зиндон ба сар мебаранд. Дар ҳамин иртибот расонаҳои Туркия бо интишори гузоришҳои бешуморе эълом кардаанд, ки то чаҳор моҳи нахусти соли ҷорӣ Туркия ҳамчунон дар садри кишварҳое қарор доштааст, ки бештарин теъдоди хабарнигорони зиндонӣ дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додаанд.

Воқеият он аст, ки дар пайи табаддулоти нофарҷоми соли гузашта поксозии густурдае дар ниҳодҳои Туркия анҷом шуда, сонсури хабарӣ дар сатҳи густурда дар ин кишвар шакл гирифт. Ба ҳамин иллат бояд гуфт, дар Туркия садоҳое, ки ҳокӣ аз интиқод аз қудрати ҳоким бошад, бисёр нодир аст ва ин ҳолат дар матбуот бештар дида мешавад. Шояд бо истинод ба ҳамин вазъият бошад, ки коршиносон Туркияро “ҷаҳаннами рӯзноманигорон” донистаанд. Дар ин иртибот Хуршед Дили, як коршиноси лубнонӣ дар умури расонаҳои Туркия дар гуфтугӯ бо шабака телевизионии “ал-Олам” дар бораи эҷоди маҳдудият барои фаъолиятҳои расонаӣ дар Туркия гуфт, омору арқоми мавҷуд нишон медиҳад, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия сиёсати қатъи манбаи дарёфти рӯзии фаъолони расонаӣ ва таҳдиди онҳоро пеш гирифтааст, то онҳо аз сиёсатҳои ӯ дар бораи бархе масоил, бавижа дар умури дохилии Туркия интиқод накунанд.

Сулаймон Дамирхон, узви Шӯрои олии расонаҳои дидорӣ ва шунидории Туркия дар ин бора мегӯяд: “Мо чӣ гуна метавонем аз гуногунандешӣ дар кишвар сухан бигӯем, дар ҳоле ки ҳама шабакаҳои телевизионии Туркия фақати суханони раисҷумҳур ва аъзои ҳизби ҳокими ин кишварро ба таври мустақим пахш мекунанд?”.

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ташдиди саркӯби кормандони расонаҳои Туркия ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқ башар дар минтақа ва ҷаҳонро ба шиддат нигарон кардааст. Натиҷа ин ки Туркия акнун дар зумраи кишварҳое қарор гирифтааст, ки озодии баёнро дар миқёси густурда саркӯб мекунанд.

 

Барчасп