Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Фасоди идорӣ дар Афғонистон тӯғён кардааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21722-Абдуллоҳ_Абдуллоҳ_Фасоди_идорӣ_дар_Афғонистон_тӯғён_кардааст
Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистон мегӯяд, фасоди идорӣ дар ин кишвар тӯғён кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2017 15:58 Asia/Dushanbe

Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистон мегӯяд, фасоди идорӣ дар ин кишвар тӯғён кардааст.

Ба гузориши Радиои бурунмарзии Эрон, бахши дарӣ, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар иҷлоси стратегияи миллии дастрасӣ ба иттилоот гуфт, дар кишваре, ки фасоди идорӣ тӯғён карда ва он тамоми бахшҳоро таҳти таъсир қарор дода, дастрасӣ ба иттилоот муҳим аст. Ӯ вазъияти дастрасӣ ба иттилоотро дар маркази Афғонистон то ҳудуде хуб тавсиф кард, аммо аз адами дастрасӣ ба иттилоот дар вилоёт ибрози нигаронӣ намуд.

Қонуни дастрасӣ ба иттилооти Афғонистон ду сол пеш қабул шудааст, аммо ҳанӯз бисёре аз муқаррароти ин қонун дар амал иҷро намешавад.