Лавров: Таҳримҳои зиддиэронии Амрико ғайримасъулона аст
Вазири умури хориҷаи Русия, таҳримҳои зиддиэронии Амрикоро ғайримасъулона хонд ва аз барномаи мушакии Эрон дифоъ кард.
Ба нақл аз Спутник, Сергей Лавров дар конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои боливияии худ дар Маскав гуфт: Таҳримҳои зиддиэронии Амрико бо ҳадафи барҳам задани мувозинаи тавофуқи ҳастаӣ ба нафъи Вашингтон, иқдоме ғайримасъулона аст, ки метавонад ба ин мувозинаи бисёр санҷида осеб ворид кунад ва ҳатто онро барҳам бизанад .
Вай афзуд: Афзоиши ҳазинаи Эрон барои барномаи мушакиаш, бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳеч манъе надорад .
Лавров бо ишора ба суханони Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар бораи имкони хуруҷи ин кишвар аз тавофуқи ҳастаӣ дар сурати идомаи таҳримҳои Амрико, ибрози умедворӣ кард, ин масъала иттифоқ наафтад ва Амрико низ тааҳҳудоти худро дар чорчуби БАРҶОМ нақз накунад.
Амрико иддао кардааст, озмоиши мушакии моҳворабари Симурғи Эрон, нақзкунандаи рӯҳи БАРҶОМ аст ҳарчанд мамнуъ нест .