Август 20, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • Боз ҳам иттиҳоми инҳисорталабӣ ба давлати Ашраф Ғанӣ

Муовини дуввуми раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, вазъияти кунунии ин кишварро вахим ва шикананда донист.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҳаммад Муҳаққиқ дар дидор бо France Michael Myelin, сафир ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Кобул гуфт, инҳисорталабӣ дар давлат омили буҳрони кунунии Афғонистон аст.

Вай гуфт, эътимоди мардум ба давлати Ашраф Ғанӣ аз байн рафта ва ин эътимод дар сурате боз хоҳад гашт, ки инҳисорталабӣ ва тамомиятхоҳӣ поён ёбад ва раванди мушорикати миллӣ ва эҳтироми ҳуқуқ ба дигарон дар амал низ иҷро шавад.

Муҳаққиқ афзуд, бисёре аз шаҳристонҳои Афғонистон, ноамн ва ё дар остонаи суқут аст.

Муовини дуввуми раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон дар айни ҳол гуфт, дар сурати тағйири рафтори ҳукумат, вазъияти феълӣ ислоҳпазир ва қобили ҷуброн хоҳад буд.

Пеш аз ин низ бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ, намояндагони маҷлис ва ҳатто мақомоти ҳукумати Афғонистон, Ашраф Ғаниӣ, раисиҷумҳурро ба инҳисорталабиӣ муттаҳам карда буданд.

 

Барчасп