Волии Балх: Ҳикматёр бо ДИИШ ҳампаймон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22526-Волии_Балх_Ҳикматёр_бо_ДИИШ_ҳампаймон_аст
Волии Балхи Афғонистон раиси Ҳизби исломии ин кишварро ба ҳампаймонӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  • Волии Балх: Ҳикматёр бо ДИИШ ҳампаймон аст

Волии Балхи Афғонистон раиси Ҳизби исломии ин кишварро ба ҳампаймонӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ато Муҳаммад Нур рӯзи ҷумъа гуфт, шакке нест, ки Гулбуддин Ҳикматёр, раис Ҳизби исломии Афғонистон бо ДИИШ байъат кардааст ва дар кушторҳои гурӯҳӣ дар Афғонистон саҳм дорад. Ато Муҳаммади Нур, ки раиси иҷроияи Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон низ ҳаст, афзуд, ихтилофоти қавмию мазҳабии Ҳикматёр ва мавзеъгириҳои ӯ дар баробари шиаёни Афғонистон ҳеҷ паёме ҷуз шиакушӣ дар ин кишвар надорад. Волии Балх ҳушдор дод: «Агар Ҳикматёр байати худро аз ДИИШ пас нагирад, дар ҳар ҷое, ки сар баланд кунад, сарашро бар замин хоҳем кӯбид».  Ин дар ҳолест, ки Мирвайс ва Зардодӣ, ду фармондеҳи муҳими Ҳизби исломии Афғонистон эълом кардаанд, барои бархӯрди мусаллаҳона бо волии Балх танҳо мунтазири дастури Ҳикматёр ҳастанд.

Муноқишаи миёни шахсиятҳои сиёсии Афғонистон дар рӯзҳои ахир шиддат ёфтааст. Чанд рӯз қабл низ Гулбуддин Ҳикматёр Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро ба ҳамкорӣ бо созмони ҷосусии Артиши Покистон муттаҳам кард, ки ин изҳороти Ҳикматёр вокунишҳои бисёреро ба дунбол дошт.