Сентябр 14, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Таътилии даҳҳо мадраса дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон аз сӯйи ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ 73 мадрасаро дар вилояти Ҷузҷон, дар шимоли Афғонистон таътил кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, узви Шӯрои вилоятии Ҷузҷон имрӯз эълом кард, ДИИШ аз ин мадорис, ки дар ноҳияҳои Дарзобу Қуштеппаи вилояти Ҷузҷон, дар шимоли Афғонистон қарор дорад, ба унвони пойгоҳи низомӣ истифода мекунад.

Ба гуфтаи Ҳалима Садаф Каримӣ диишиҳо ҳамчунин имконоту лавозими омӯзишии ин мадорисро ғорат кардаанд.

Абдулҳай Яшин, раиси Идораи омӯзишу парвариши Ҷузҷон низ баста шудани 73 мадрасаву ғорати лавозими он ба дасти ДИИШ-ро дар ин вилоят таъйид карду гуфт, ки ин гурӯҳи террористӣ таҷҳизоти мадориси Ҷузҷонро ба пойгоҳҳои худ мунтақил кардааст.

Ҳамакнун беш аз ҳазор мадраса дар саросари Афғонистон ба иллати ноамнӣ ва таҳдидҳои террористӣ баста шудааст.

Афғонистон ҳудуди 9 миллион донишомӯз дорад, ки дар 16 ҳазор мадраса дар ин кишвар машғул ба таҳсил ҳастанд.

 

Барчасп