Сентябр 14, 2017 21:04 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Шимолӣ: Амрико ва Ҷопонро нобуд мекунем

Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки Ҷопонро ғарқ ва Амрикоро бо хок яксон хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Райтерз”, Кумитаи Кореяи Шимолӣ сулҳ дар Осиё ва Уқёнусия, ки вазифаи назорат бар равобити хориҷии ин кишварро бар ӯҳда дорад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро "обзори шайтон" донист ва хостори барчида шудани он шуд.

Ин кумита дар баёнияе, ки хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ мунташир кард, эълом кардааст, «чаҳор ҷазираи Ҷопон бояд бо як бомби атомӣ ғарқ шаванд чаро, ки дигар ба вуҷуди ҳамсояе ба номи Ҷопон ниёзе нест.»

Ин кумита ҳамчунин дар таҳдиди Амрико овардааст, «мо сарзамин Амрикоро ба тале (анбӯҳе) аз хокистар ва торикӣ табдил мекунем, ҳамчунин хашми худро бо ба коргирии тамомии зарфиятҳои талофиҷуёна, ки дар ҳоли ҳозир омодаи иҷро аст, ба намоиш хоҳем гузошт.»

Дар вокуниш ба ин баёния, Йошихайд Суга, сухангӯи кобинаи Ҷопон ин суханонро бисёр таҳрикомез ва оташафрӯзона хонд ва гуфт, ин изҳорот ғайриқобилӣ, қабул танишҳои минтақаиро ташдид хоҳад кард.