Берун бурдани шаҳрвандон аз чанд сохтмон дар Маскав дар пайи таҳдиди бомбагузорӣ
(last modified 2017-09-18T13:42:35+00:00 )
Сентябр 18, 2017 18:42 Asia/Dushanbe
  • Берун бурдани шаҳрвандон аз чанд сохтмон дар Маскав дар пайи таҳдиди бомбагузорӣ

Дар идомаи мавҷи таҳдидоти амниятии рӯзҳои гузашта, афроди ношинос тайи тамос бо полиси Маскав аз бомбагузорӣ дар 9 дафтар ва сохтмони идории ин шаҳр хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, полис ва нерӯҳои амниятии Русия имрӯз билофосила ба он макон рафтанд ва беш аз 600 нафар аз коркунони ин сохтмонҳоро аз бино берун бурданд.  

 Нерӯҳои амниятӣ пас аз тахлияи ин сохтмонҳо, дар ҳоли ҷустуҷӯ барои ёфтани бомбаи эҳтимолӣ ҳастанд.

 Дар як ҳафтаи гузашта беш аз 250 тамоси машкук бо полиси Маскав барқарор ва таҳдид ба бомбагузорӣ шудааст, ки ин масъала нерӯҳои амниятии Русияро маҷбур кард беш аз 150 ҳазор нафарро аз маконҳои таҳдидшуда ба бомбагузорӣ берун баранд.  

 Истгоҳҳои метро, сохтмонҳои давлатӣ, марказҳои тиҷорӣ, донишгоҳҳо ва мактабҳо дар як ҳафтаи гузашта бештарин теъдоди таҳдид ба бомбагузориро дарёфт кардаанд.

 Дар рӯзҳои гузашта ҳамчунин 14 шаҳри Русия ҳадафи таҳдидҳои телефонии бомбагузорӣ қарор гирифтааст, ки ин тамосҳо аз кишварҳои дигар ва умдатан аз Украина будааст.

 

Барчасп