Сентябр 19, 2017 12:38 Asia/Dushanbe
  • Су Чжи билохира сукуташро шикаст

Аунг Сан Су Чжи нақзи ҳуқуқи башар ва хушунатҳои ғайриқонунӣ дар иёлати Рохинро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Аунг Сан Су Чжи, раиси ҳизби ҳокими Миёнмор саранҷом пас аз муддатҳо сукут дар қиболи ҷиноёти суратгирифта алайҳи мусалмонони кишвараш, рӯзи сешанбе нақзи ҳуқуқи башар ва хушунатҳои ғайриқонунӣ дар иёлати Рохинро маҳкум кард.

Су Чжи афзуд: “Ҳамон тавр, ки соли гузашта дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтам, Миёнмор ба унвони як узви масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаросе аз таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин бора надорад ва ба ёфтани роҳи ҳалле бодавом барои дастёбӣ ба субот ва тавсеа барои ҳамаи ақвом дар иёлати Рохин мутааҳҳид аст”.

Раиси ҳизби ҳокими Миёнмор бо ишора ба фирори мусалмонон ба Бангладеш ва бехонумон шудани онон муддаӣ шуд, давлат ҳарчӣ дар тавон доштааст барои барқарории оромиш ва субот дар минтақа ва эҷоди таодул миёни мусалмонон ва дигар аҳолии Рохин анҷом додааст.

Су Чжи гуфт: “Ҳатто пеш аз оғози ин даргириҳо мо кумитаи марказиро барои назорат бар ҳокимияти қонун ва тавсеаи иёлати Рохин эҷод кардем ва аз Кофи Аннан хостем раёсати комиссияеро барои ҳалли ин мушкили дерина бар ӯҳда гирад, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин талошҳо натавонистем монеи оғози даргириҳо шавем, бо ин ҳол ҳамчунон ба барномаи худ барои барқарории сулҳу субот дар Рохин идома додем”.

 Аунг Сан Су Чжи ҳамчунин дар хусуси мусалмононе, ки ба Бангладеш мегурезанд, ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, Миёнмор барои кӯмак ба бозгашти оворагони Руҳингиё ба кишвар омода аст.

Ин изҳороти Су Чжи дар ҳоле матраҳ шуд, ки мавзӯи ҷиноёти артиш ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мардуми мусалмони Миёнмор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум шудааст ва қарор аст ин мавзӯъ дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал низ баррасӣ шавад.  

 

Барчасп