Суханони вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар бораи эъломи ҷанги Амрико алайҳи он кишвар
(last modified 2017-09-26T06:56:15+00:00 )
Сентябр 26, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Суханони вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ дар бораи эъломи ҷанги Амрико алайҳи он кишвар

Вазири умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ гуфт: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи он кишвар эъломи ҷанг кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Рай Янг Хо, бо таъкид бар инки Пхенян ҳаққи худ медонад, то дар ин хусус иқдомоти мутақобил анҷом диҳад, афзуд: Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ёд дошта бошад, ин мақомҳои амрикоӣ буданд, ки барои нахустин бор алайҳи Кореяи Шимолӣ эъломи ҷанг карданд .

Вай гуфт: Кореяи Шимолӣ ҳаққи худ медонад, то дар муқобили бурузи ҳаргуна ҳамлаи низомӣ аз сӯи Амрико, бомбафканҳои он кишварро дар ҳар нуқтае аз дунё нобуд кунад.

Вай чанд рӯзи пеш гуфта буд суханони раисҷумҳури Амрико зидди Кореяи Шимолӣ  дар нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони милал, шиллики мушак ба Амрикоро барои Пхенян иҷтинобнопазир кардааст .

Раисҷумҳури Амрико сешанбеи гузашта дар суханронии худ дар Созмони милали муттаҳид аз эҳтимоли ҷанг бо Кореяи Шимолӣ хабар дод .

Ким Ҷонг Юн, раҳбари Кореяи Шимолӣ низ дар суханронии ҳафтаи гузаштаи худ дар ҷамъи фармондеҳони низомии ин кишвар, Доналд Трампро ҷангталаб ва девона хитоб кард .

Вазъияти шибҳҷазираи Корея дар ҳоли ҳозир бар асари сиёсатҳои хасмона, таҳрикомез ва якҷонибаи Амрико ва муттаҳидони ин кишвар зидди Кореяи Шимолӣ дар болотарин сатҳи таниш қарор дорад .

 

Барчасп