Ҳузури беш аз 50 ҳазор террористи хориҷӣ дар Афғонистон
Дастгоҳи амниятии Афғонистон теъдоди террористҳои хориҷӣ дар ин кишварро беш аз 50 ҳазор нафар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, бар асоси гузориши ирсолии Идораи пулиси миллии Афғонистон ба пулиси “Интерпол”, дастикам 24 гурӯҳ бо 50 ҳазор неруи хориҷӣ дар саросари ин кишвар машғули таҳаррукот террористӣ ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, Толибон вобаста ба Мулло Ҳабатуллоҳ ва Шӯрои Кувайта бо 35 ҳазор шибҳи низомӣ, бузургтарин гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ дар Афғонистон аст.
Гурӯҳи Толибони вобаста ба Мулло Расул байни 15 то 25 ҳазор шибҳи низомӣ ва гурӯҳи террористии ДИИШ бо 3500 нафар дар ҷойгоҳи баъдӣ, қарор доранд.
Шабакаи “Ал Қоида”, “Лашкари Тайиба”, “Таҳрики Толибони Покистон” (ҷунбиши Толибон Покистон), “Шабакаи Ҳаққонӣ”, “Сипоҳи Саҳоба” ва “Лашкари Ҷаҳангвӣ” аз дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд, ки дар Афғонистон машғули ҷанг бо давлат ҳастанд.