Қиммати як ваъда ғизо дар Ню-Йорк 270 баробари Судони Ҷанубӣ
(last modified Tue, 17 Oct 2017 13:06:11 GMT )
Октябр 17, 2017 18:06 Asia/Dushanbe
  • Қиммати як ваъда ғизо дар Ню-Йорк 270 баробари Судони Ҷанубӣ

Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) дар гузорише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ғизо, аз нобаробарии тавзеи маводи ғизоӣ ва фақри шадид дар бархе манотиқи ҷаҳон ибрози нигаронӣ кард.

Шабакаи хабарии Евронюс ба истинод ба гузориши барномаи ҷаҳонии ғизо дар бораи ҳазинаи ғизо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон навишт: Бо дар назар гирифтани тафовути даромадҳо, як ваъдаи ғизоӣ барои шаҳрвандони амрикоӣ дар Ню-Йорк 1.2 доллар ва барои шаҳрвандони Судони Ҷанубӣ 321 доллар ҳазина дорад .

Ин гузориш бар мабнои нисбати қудрати хариди масрафкунандагон ва муқоисаи ҳазинаҳои нисбии таҳияи як ваъдаи ғизоӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҳия шудааст .

Дэвид Бисли, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизо дар ин бора мегӯяд: Коршиносони ин барномаи ҷаҳонӣ бо муқоисаи қудрати харид дар кишварҳои мухталиф мутаваҷҷеҳ шудаанд, миёни кишварҳои мухталиф дар дастёбӣ ба як ваъдаи ғизо нобаробариҳои зиёде вуҷуд дорад .

Бар асоси гузориши барномаи ҷаҳонии ғизо, дар соли 2016 ҳудуди 800 миллион нафар аз мардуми ҷаҳон гурусна будаанд, аммо бо ин ҳол дар соли 2016 ба андозаи масрафи ду миллиард нафар ғизо дур рехта шудааст .

Гузориши барномаи ҷаҳонии ғизо нишон медиҳад, ки теъдоди гуруснагони ношӣ аз ҷангҳо, бесуботии сиёсӣ, заъфи сохторҳои зербиноӣ ва тағийроти иқлимӣ ва обу ҳавоӣ, дар соли 2017 афзоиш меёбад .