Октябр 23, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд: Номи Су Чиро ҳазф кунед

Донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд ба интиқодоти рӯ ба рушде, ки алайҳи Аунг Сан Су Чи, донишҷӯи собиқи ин донишгоҳ сурат гирифтааст, пайвастанд.

Ба нақл аз Исно, донишҷӯёни донишкадае, ки собиқан маҳалли таҳсили раҳбари Мянмар дар даҳаи 1960 буд, ба ҳазфи номи вай аз утоқи гуфтумони муштараки донишҷӯён раъйи мусбат доданд .

Ин иттифоқ пас аз он рух дод, ки дар соли ҷорӣ ин донишкада тасмим ба ҳазфи портрети Су Чи аз вурудии он гирифт .

Дар паи эътои докторантураи ифтихорӣ дар соли 2012 ба Су Чи аз ҷониби ин донишгоҳ, портрети вай дар вурудии ин донишкада насб ва аз ӯ ба унвони яке аз барҷастатарин ва қобили таваҷҷуҳтарин фориғултаҳсилон ёд шуда буд .

Пешниҳоде, ки ҳайъати утоқи гуфтумони муштараки донишкадаи Сейнт Ҳию ироа карда, ин аст, ки номи Аунг Сан Су Чи фавран аз ин утоқ ҳазф шавад .

Эътирози ин донишҷӯён дар вокуниш ба буҳрони Роҳингия ва ҳамлаҳои давлатӣ алайҳи ақаллияти мусулмони Мянмар аст .

Дар маросими эътои докторантураи ифтихорӣ аз ҷониби донишкадаи Сейнт Ҳию ба ин зиндонии сиёсии собиқ ва барандаи ҷоизаи Нобел, аз вай ба унвони қаҳрамони демократия ва мудофеи бидуни хушунати ҳуқуқи башар ёд шуда буд .

 

Барчасп