Июл 17, 2016 21:17 Asia/Dushanbe
  • Идомаи бунбаст дар ислоҳи низоми интихоботи Афғонистон

Нотавонии Парлумони Афғонистон дар интихоби намояндагони худ барои ширкат дар нишасти муштарак бо Маҷлиси сенати ин кишвар ба манзури баррасии лоиҳаи ислоҳи низоми интихоботи Афғонистон муҷиби идомаи бунбаст дар ин раванд шудааст.

Парлумони Афғонистон барои севвумин бор мавзуи баррасӣ ва муаррифии аъзои худ барои ширкат дар кумитаи муштарак бо Маҷлиси сенати ин кишварро ба манзури баррасии лоиҳаи пешниҳодии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурӣ барои ислоҳи низоми интихоботӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор дод, аммо натавонист намояндагонеро барои ширкат дар нишасти муштарак бо Маҷлиси сенат баргузинад.

Ин дар ҳолест, ки Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси сенати Афғонистон ҳафтаи гузашта эълом кард, ин маҷлис 10 нафар аз аъзои пешниҳодии худро пас аз тайид, барои ҳузур дар кумитаи муштараки Маҷлиси сенат ва Парлумони Афғонистон ҷиҳати баррасии лоиҳаи пешниҳодии Ашраф Ғанӣ ҷиҳати ислоҳоти интихоботӣ муаррифӣ кардааст.

Парлумони Афғонистон дар ҳоле бар сари роҳи тасвиби лоиҳаи низоми интихоботи ин кишвар сангандозӣ мекунад, ки интихоботи ин кишвар танҳо бо эҷоди ислоҳот баргузор хоҳад шуд. Яке аз иқдомоте, ки давлати Афғонистон дар назар дорад, то батаври комил ба он даст ёбад, эҷоди ислоҳот ва мубориза бо фасод аст. Баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои устонии Афғонистон дар воқеъ пас аз анҷоми ислоҳот дар низоми интихоботии ин кишвар амалӣ хоҳад шуд.

Ба рағми рад шудани лоиҳаи пешниҳодии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар бораи ислоҳоти низоми интихоботӣ аз сӯи парлумон, Маҷлиси сенати ин кишвар бо эҷоди ислоҳоте ин лоиҳаро тайид кард. Аммо аз онҷо, ки тайиди лоиҳаи ислоҳот дар низоми интихоботи Афғонистон аз сӯи парлумони ин кишвар муҳим ва зарурӣ аст, Маҷлиси сенати Афғонистон эълом кард, ки бо баргузории нишастҳои муштарак бо парлумон битавонанд ба пешбурди раванди ислоҳоти низоми интихоботӣ дар Афғонистон кумак кунанд. Ин мавзуъ аз он ҷиҳат барои давлат ва маҷолиси Афғонистон муҳим аст, ки сарони давлати ваҳдати миллии Афғонистон барои ҷалби кумакҳои ҷомеаи байналмилалӣ бори дигар ва ин бор дар Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар Варшава мутааҳҳид шудаанд, то заминаи ислоҳотро дар низоми интихоботии Афғонистон фароҳам карда ва муборизаи ҷаддиро бо фасоди идорӣ оғоз кунанд.

Ба назар мерасад, мавзуи ислоҳот дар низоми интихоботӣ дар Афғонистон беш аз онки ҷанбаи миллӣ дошта бошад, мутаассир аз бардоштҳои қавмӣ бо ин қазия аст ва ҷарёнҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Парлумони Афғонистон нигарони онанд, ки давлати ваҳдати миллии Афғонистон ба гунае низоми интихоботиро ислоҳ ва аъзои Комиссияи интихоботро таъин кунад, ки натиҷаи интихобот ба нафъи як қавм ва ё ҷарёни хос рақам бихурад. Ин дар ҳолест, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистони бар ин эътиқод аст, ки низоми интихоботи феълӣ ноқис ва дарбаргирандаи адолати интихоботӣ нест ва монеъ аз баргузории интихоботе шаффоф ва одилона дар Афғонистон мешавад. Ба назар мерасад, соири ақвоми ғайри паштун низоми интихоботи феълиро ҷомеъ ва комил намедонанд ва бар ислоҳи он таъкид доранд. Аммо ақвоми мутааллиқ ба паштунҳо аз низоми интихоботи феълӣ ҳимоят мекунанд ва токунун монеъ аз пешбурди барномаи давлат барои ислоҳи он шудаанд. Бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ бар ин боваранд, ки дар даруни давлати ваҳдати миллии Афғонистон низ барои ислоҳи низоми интихоботии ин кишвар ваҳдати назар вуҷуд надорад.

Дар ҳар ҳол, тадовуми бунбаст дар раванди ислоҳи низоми интихоботии Афғонистон ва таъхир дар баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои устонӣ на танҳо ба нафъи низоми сиёсӣ ва қонунгузории ин кишвар нест, балки муҷиби салби эътимоди маҷомеи байналмилалӣ дар ин маврид ва масъалаи муқобила бо фасод мешавад. Дар ҳамин ҳол аз дидгоҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон муқобила бо фасоди идорӣ ва молӣ бидуни ислоҳи низоми интихоботӣ ва баргузории интихоботи шаффоф ва одилона мумкин нахоҳад буд.

Барчасп