Интиқоди 350 шахсияти байналмилалӣ аз нақши Амрико, Британия ва Фаронса дар ҷиноёти Арабистон дар Яман
(last modified 2017-12-19T10:15:38+00:00 )
Декабр 19, 2017 15:15 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди 350 шахсияти байналмилалӣ аз нақши Амрико, Британия ва Фаронса дар ҷиноёти Арабистон дар Яман

Беш аз 350 шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла 6 барандаи Ҷоизаи “Нобел”-и Сулҳ, сиёсатмадорон, дипломатҳо ва ҳунармандон аз сарони Фаронса, Амрико ва Британия хостанд то “дамидан дар оташи ҷанг”-и Яманро мутаваққиф кардаву дар иваз аз ҷойгоҳи худ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ба манзури барқарории сулҳ истифода кунанд.

Ба гузориши рӯзномаи “Гордиян”, ин шахсиятҳо дар баёнияе хитоб ба сарони ин се кишвари ғарбӣ гӯшзад карданд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз фоҷеаву қаҳтии бештар, Яман ба як оташбаси фаврӣ ва поёни ҳар навъ муҳосираву маҳдудияте дар дастрасӣ ба ғизо, сӯхт ва кумакҳои пизишкӣ ниёз дорад.

Авоқиби зиёнбори фурӯши аслиҳа

Афкори умумӣ борҳо дар бораи авоқиби бе‎суботкунандаву зиёнбори фурӯши мустамари силоҳ ба Арабистони Саудӣ ба унвони режими моҷароҷӯ ва тавсеаталаб дар минтақа ҳушдор додаанд.

Амрикову Фаронса ва Британия дар ҳоле фурӯши силоҳ ба кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форсро дар дастури кор доранд, ки ин силоҳҳо суботу амнияти минтақаро нишона гирифтааст.

Натиҷаи ҳамкориҳои Арабистон ва давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла дар заминаи низомӣ низ ҷуз эҷоди шароратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ набудааст. Табаоти чунин сиёсатҳое боис шудааст, ки доманаи эътирозот ба сиёсатҳои ҳимоятии Амрико, Британия ва Фаронса аз ҳуккоми арабӣ ба афкори умумии кишварҳои ғарбӣ низ кашида шавад.

Режими Оли Сауд бо “чароғи сабз”-ҳое, ки аз Амрикову Британияву Фаронса дарёфт кардааст, аз ҷумла эъломи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико дар қолаби кумакҳои низомиву иқтисодиву сиёсӣ, ҷиноятҳои худ дар ҳаққи мардуми Яманро шиддат бахшидааст.

 Ин дар ҳоле аст, ки давлатҳои Амрико, Англия ва Фаронса, ки муддаии ҳимоят аз демократия ҳастанд, бо сукути худ дар баробари ҷиноёти Арабистон ва ҳамроҳӣ бо ҳуккоми Саудӣ дар монеътарошӣ дар масири ҳар гуна иттихози тасмими байналмилалӣ дар боздоштани режими Саудӣ аз ҷинояташ, зулми музоаферо дар қиболи мардуми Яман муртакиб мешаванд.

Ҳамлаи Арабистон ба Яман

Арабистон аз марти соли 2015 бо ҳимояти давлатҳои ғарбӣ, ба вижа Амрикову Англия ва бархе кишварҳои арабии минтақа ба Яман ҳамла кард то Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии ин кишварро ба ҳукумат бозгардонад.

 Истифодаи густардаи Оли Сауд аз таслеҳоти пешрафтаву бо қудрати тахриби болои эҳдоии давлатҳои ғарбӣ, абъоди ҳавлноктаре ба ҷиноёти Оли Сауд дар Яман додаву манотиқи мухталифи ин кишварро ба майдони озмоиши таслеҳоти ғарбӣ табдил кардааст.

Аммо таҳаввулоти байналмилалӣ баёнгари шикасти тарфандҳои Оли Сауд ва давлатҳои ғарбии ҳомияш дар мунҳариф кардани афкори умумӣ аз ҳаҷми густардаи ҳимоятҳои Ғарб аз Оли Сауд, ба вижа дар заминаи таслеҳотӣ аст.

 Дар ин замина, мақомоти арабистонӣ ва давлатҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико бо иддаоҳои дурӯғи нахнамошуда, мавзӯи ирсоли мушак тавассути Эрон барои нерӯҳои яманӣ ҷиҳати ҳадаф қарор додани мавозеи Саудиро матраҳ кардаанд.

 Ҳадафи давлатҳои ғарбӣ ва Арабистон аз ин дурӯғпардозӣ таҳтушшуо қарор додани шикасти сиёсатҳояшон дар Яман ба далели муқовимати қаҳрамононаи мардуми Яман бо такя бар зарфиятҳои дохилӣ ва тавонмандии бумии яманиҳо, ба вижа дар заминаи тавлид силоҳ будааст.

Аммо вокуниши афкори умумӣ ба ҷиноёти Арабистон ва нақши ҳимоятии Амрикову Британия ва Фаронса аз ин ҷиноёт, шикасти сенарияи ононро намоёнтар кардааст ва баёнгари он аст, ки сиёсатҳои авомфиребонаи Оли Сауд ва ҳомиёни ғарбии он наметавонад бар ҷиноёте, ки аз ҷониби онон алайҳи мардуми Яман дар ҷараён аст, сарпӯш бигузорад.

 

Барчасп