Юнон: Ҳашт омили кудатои Туркияро таҳвил медиҳем
Дар паи фирори ҳашт нафар аз кудатогарони Туркия ба Юнон ва дархости паноҳандагии онон аз ин кишвар, нахуствазири Юнон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои туркияиаш гуфтааст, ки ба зудӣ ин афродро ба давлати Анкара таҳвил медиҳад.
Нахуствазири Юнон дар тамсо бо нахуствазири Туркия эълом кард, ки ҳашт нафар аз кудатогаронро, ки ба Юнон паноҳанда шудаанд, ба зудӣ ба Туркия таҳвил медиҳад.
Ба иттилои Ирно, Алексис Сипрас дар тамос бо Биеналлаи Йилдирим гуфтааст, фароянди таҳвили ин ҳашт нафар ба Туркия шуруъ шудааст.
Бадунболи нокомии кудатогарон дар Туркия, ҳафт низомӣ ва як ғайринизомии Туркия бо як фарванд болгарди низомӣ ба ҷазираи Деде Ағаҷи Юнон мутаворӣ ва хостори паноҳандагӣ ба Юнон шуда буданд.
Юнон рӯзи гузашта болгарди низомиро ба Туркия таҳвил дода буд.
Бомдоди шанбе шонздаҳуми июл шуморе аз низомиёни артиши Туркия бо ишғоли бархе марокизи роҳбурдӣ монанди маркази фармондеҳии ситоди артиш, фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои телевизионӣ қасди иҷрои як кудатои тамомайёрро доштанд, ки ин кудато пас аз чанд соат ба шикаст анҷомид.