Музокироти расмии ду Корея оғоз шуд
Бо вуруди ҳайъатҳои музокиракунандаи Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ ба рустои Панмунҷом ё рустои оташбас дар марзи муштараки ду кишвар, музокироти расмии дутараф расмн субҳи имрӯз оғоз шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Юнҳапи Кореяи Ҷанубӣ, Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ва Мун Ҷае, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ин музокиротро аз тариқи видео-конфронс тамошо мекунанд.
Чу Мён-Гион, вазири ваҳдати Кореяи Ҷанубӣ дар мусоҳибае қабл аз шуруи гуфтугӯҳо таъкид кард, Сеул ба дунболи коҳиши сатҳи буҳрон аст.
Ӯ хотирнишон кард, қасд дорад, дар бораи равобити низомии ду Корея, танишҳои мавҷуд ва ҳамчунин масъалаи пайванди хонаводаҳои ҷудошуда пас аз ҷанги 1950 то 1953 Корея, гуфтугӯ кунад.
Ин нахустин музокироти мустақими ду Корея аз декабри 2015 токунун аст.
Аслитарин меҳвар гуфтугӯҳои ду Корея эъзоми ҳайъате аз Кореяи Шимолӣ барои ширкат дар бозиҳои олимпии замистонии Кореяи Ҷанубӣ аст, аммо мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ умедворанд, бо вуруди Кореяи Шимолӣ ба олимпии замистонӣ роҳ барои гуфтугӯҳои сулҳи тарафайн ва коҳиши таниш ҳоҳмвор шавад.
Мумкин аст, Кореяи Шимолӣ дар изои вуруд ба рақобатҳо хостори лағв бахше аз таҳримҳо шавад.
Бисту севумин давраи мусобиқоти олимпии замистонӣ аз 9 то 25 феврал ва дувоздаҳумин давраи рақобатҳои паралимпии замистонӣ ҳам аз 9 то 18 март дар шаҳри Пиюнг Чанги Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.