Парастори олмонӣ - муттаҳам ба қатли 99 бемор
(last modified Tue, 23 Jan 2018 15:12:01 GMT )
Январ 23, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Парастори олмонӣ - муттаҳам ба қатли 99 бемор

Парастори олмоние, ки ба иттиҳоми ду мавриди қатл ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, ба қатли 97 нафари дигар низ муттаҳам шудааст.

Ба гузориши “Аския нюс”, Нейлс Ҳоегел (Niels Hoegel) як парастори олмонӣ дар соли 2015 ба иттиҳоми қатли ду нафар аз беморони бахши муроқибатҳои вежаи бемористоне дар шаҳри Бремен ба ҳабси абад маҳкум шуд ва иттиҳомоти ҷадид 62 мавриди дигари иртикоби қатлро дар ҳамин бемористон шомил мешавад. Ҳамчунин 35 иттиҳоми ин парастор ба марги беморони бемористоне дар шаҳри Олденбург марбут мешавад, ки ӯ дар солҳои 1999-2002 дар он ҷо машғул ба кор будааст. Бар асоси ин гузориш, муттаҳам бо хӯрондани беш аз ҳадди доруҳо ба беморон ба хотири лаззат бурданаш амали эҳёии онҳо мӯҷиби марги онон шудааст.