Паёми таслияти раисҷумҳури Никарагуа ба раҳбари муаззами инқилоб ва раисҷумҳури Эрон дар паи сониҳаи суқути ҳавопаймои эронӣ
Феврал 20, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Никарагуа дар паёме ба раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, ҷон бохтани теъдоде аз мардуми Эронро дар сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ таслият гуфт.
Даниел Уртега дар ин паём зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлату миллати Эрон ва хонаводаҳои ҷонбохтагон дар ин сониҳа, барои қурбониёни ин ҳодисаи дилхарош, талаби раҳмати илоҳӣ кард .
Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” якшанбе пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.