Даъвати Натаняҳу аз Трамп барои ширкат дар маросими интиқоли сафоратхона
(last modified Sun, 25 Feb 2018 10:30:20 GMT )
Феврал 25, 2018 15:30 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Натаняҳу аз Трамп барои ширкат дар маросими интиқоли сафоратхона

Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бо истиқбол аз таъйини замони интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Тел Авив ба Қудс, аз раисиҷумҳури Амрико даъват кард, дар маросими кушоиши сафоратхонаи ин кишвар дар Қудси ишғолӣ ширкат кунад.

Хезер Науэрт, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар баёнияе эълом кард, 14 майи 2018 сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудси ишғолӣ, интиқол меёбад.

Ин рӯз бо 70-умин солрӯзи таъсиси режими ҷаълии саҳюнистӣ ҳамзамон аст, ки фаластиниён аз он бо унвони рӯз «накбат», ёд мекунанд.

Аз сӯи дигар чаҳор манба дар Кохи Сафед эълом карданд, Шелдон Аделсон, миллиардери яҳудӣ- амрикоӣ пешниҳод кардааст, ҳазинаи сохти сафорати ҷадиди Амрикоро, ки давлати Амрико қасд дорад онро дар Қудс бисозад, таъмин кунад.

Ин масъала тағйири решаӣ дар сиёсати Амрико башумор меояд, ки маъмулан ҳазинаи намояндагиҳои дипломатии худро бидуни қабули кумаки ашхос таъмин мекунад.

Аделсон аз бузургтарин кумаккунандагон ба Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико ва Ситоди таблиғоти интихоботи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико башумор меояд.

Ӯ ҳамчунин яке аз наздиктарин ашхос ба Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ба шумор меояд ва моликияти рӯзномаи «Israel Hayom», ки пурфуруштарин рӯзнома дар Исроил астро дар ихтиёр дорад.

Сарвати Аделсон ҳудуди 40 миллиард доллар баровард мешавад, ки аз клубҳо ва бошгоҳҳои шабона, меҳмонхонаҳо ва дигар дороии вай таъмин мешавад.